08:33 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Покистон. Акс аз бойгонӣ

Исломобод: Тоҷикистон шарики асосии Покистон дар минтақа мебошад

РИА Новости
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аснои сафараш ба Покистон иброз доштааст, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм бояд мустаҳкам мегарданд.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ёвари сарвазири Покистон дар умури сиёсати хориҷӣ Ториқ Фотимӣ аснои мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Исломобод қарор дорад, гуфтааст, кишвараш Тоҷикистонро шарики асосии худ дар минтақа мешуморад.

Ба иттилоъи сухангӯи парлумони ҶТ Муҳаммадато Султонов, зимни нишаст қайд гардид, ки Покистон ҳамеша талош менамояд, қитъаи Осиё ба минтақаи амну субот мубаддал гардад, зеро оромии он таъминкунандаи зиндагии осоишта барои мардумони ҳамаи кишварҳо мебошад.

Ҳамзамон, Шукурҷон Зуҳуров дар навбати худ таъкид кардааст, ки дар робита ба ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа бо мусоидат ва дастури нахуствазири Покистон, Навоз Шариф ба Тоҷикистон кумаки низомӣ ироа мешавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон афзудааст, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм бояд мустаҳкам гарданд ва ин заминаи оромиву субот дар минтақа хоҳад буд.

"Дар ин самт масоили марбут ба соҳаи мудофиа ва амният зимни сафари раиси ситоди муштараки Покистон Раҳил Шариф ба Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Қайд шуд, ки гуруҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризм, ки ба наздикӣ таъсис ёфтааст ва баргузории аввалин ҷаласаи он дар назар аст, дар самти мубориза алайҳи таҳдидҳои муосир ва ҳамкориҳои дуҷониба дар ин масир нақши меҳварӣ хоҳад дошт".

Барчаспҳо:
стратегия, кумаки низомӣ, шарики асосӣ, ҳамкорӣ, мулоқот, Вазорати умури хориҷаи Покистон, нахуствазири Покистон, парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Ториқ Фотимӣ, Шукурҷон Зуҳуров, Навоз Шариф, Исломобод, Покистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ