09:06 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Сарвари кулли ОИБ Россия сегодня Дмитрий Киселев ва вазири иттилооти Беларус Лилия Ананич

Sputnik дар Минск маркази матбуотии чандрасонаиро ифтитоҳ кард

Sputnik Беларусь
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37 0 0

Маросими ифтитоҳ бо пахши зиндаи навор (видеомост)-и байни Маскаву Минск бахшида ба 20-солагии имзои созишномаи нахустини ҳамкориҳои дуҷонибаи Русияву Белорус баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Оҷонсии иттилоотии байналмилалӣ ва радиои Sputnik дар Минск маркази матбуотии мултимедиявиро роҳандозӣ кард.

Дар маросими ифтитоҳ, ки ба 20-умин солгарди имзои нахустин тавофуқоти Маскаву Минск бахшида шуда буд, вазири иттилооти Белорус Лилия Ананич, сафири Федератсияи Русия дар он кишвар Александр Суриков, инчунин сарвари кулли гуруҳи расонаҳои "Россия сегодня" Дмитрий Киселев ширкат доштанд.

Ифтитоҳи маркази матбуотӣ тавассути "видеомост" байни Маскаву Минск баргузор шуд.

Аснои муколама тариқи видеомост, масоили марбути ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи иттилоотӣ бо мақсади инъикоси васеъи рӯйдодҳҳои муҳими бахшҳои иҷтимоӣ,  иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ, маориф ва варзиш барои таҳкими ҳамкориҳои байни ду кишвар баррасӣ шуданд.

"Аслан ҳадаф аз ин тарҳ, бунёди пули иттилоотӣ байни Маскаву Минск мебошад.  Sputnik маркази матбуотии чандрасонаии муосирро бо имкониятҳои хуби техникӣ фаъол мекунад. Дар баробари ин марказ пайванди иттилоотии Минск бо дигар пойтахтҳо низ маҳсуб меёбад, зеро намояндагии оҷонсӣ дар даҳҳо кишвари дунё фаъолият мекунад",- изҳор дошт Дмитрий Киселёв.

Ба иштирокчиён ва меҳмонони кушодаашавии маркази иттилоотӣ намоиши аксҳо бахшида ба 20-солагии имзои созишномаи аввалини Руия ва Белорус пешниҳод шуд. Намоиш 22 акси сиёсатшиносонро, ки тайи  20 соли ахир (шурӯъ аз соли 1996 то 2016) дар рушди ҳамгироии ду кишвар нақши муассир гузоштаанд, дар бар мегирад.

Маркази матбуотии мултимедиявии Sputnik дар Белорус (ш. Минск, кӯчаи Коммунистӣ, х.86) воқеъ буда, майдони мултимедиявӣ бо техникии замонавиро доро аст. Ин фанноварӣ имкон медиҳад, ки чорабиниҳо дар шаклҳои мухталиф —  аз барномаҳои мустақим то "видеомост"-ҳо ба гӯшаву канори дунё паҳн шаванд.

Барои меҳмонон ва рӯзноманигорон толори барҳавои матбуотӣ бо 40 ҷои нишаст, зербино барои қабул ва интиқоли маълумот, Wi-Fi ва системаи тарҷумаи синхронӣ хизмат мерасонад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ, сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд. 

Мавзуъ

Sputnik пойгоҳи хабарии “Sputnik Латвия”-ро фаъол кард
Барчаспҳо:
кушодашавӣ, ифтитоҳ, таъсис, марказ, майдон, Sputnik, Маркази матбуотии мултимедиявӣ, ОИБ "Россия сегодня", Сафорати ФР дар Минск, Александр Суриков, Лилия Ананич, Дмитрий Киселёв, Маскав, Русия, Беларус, Минск

Мавзӯъҳои асосӣ