12:04 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
28 сентябри соли 2015. Ҷангиёни Толибон дар Қундуз. Акс аз бойгонӣ

Толибон аз “ҳуҷуми баҳорӣ” алайҳи Амрико дарак дод

© AP / Hekmat Aimaq
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6231

Ҷунбиши радикалии “Толибон”дар бораи оғози “Амалиёти Умарӣ” бар зидди нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон изҳор дошт.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҷангҷӯёни "Толибон" дар бораи оғози амалиёти ҳамасолаи "ҳуҷуми баҳорӣ" эълон кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Associated Press.

Гурӯҳи ҷиноятпеша изҳор дошт, ки муборизаро бар зидди сарбозони ИМА дар қаламрави кишвар идома хоҳад дод.

Ҷангиён ба ВАО хабар доданд, ки амалиёт рӯзи сешанбе соати 5.00 бо вақти маҳаллӣ оғоз гардид. Ин ҳамла таҳти унвони "Амалиёти Умарӣ" ба ифтихори роҳбари собиқи созмон —Мулло Умар гузошта шудааст.

Амалиёти соли гузаштаи ҳаракати "Толибон" ба минтақаҳои шимолу шарқии Афғонистон ба вилояти Бадахшон нигаронида шуда буданд…

"Толибон" ҳам бар зидди ҳукумати кишвар ва ҳам бар зидди гурӯҳи ҷангҷӯёни "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон), ки вақтҳои охир дар баъзе минтақаҳои Афғонистон таъсири худро дорад, мубориза мебарад. СММ мегӯяд, ки агар ин ҳаракат ҳамчун гурӯҳи мубориза дар роҳи сулҳи ҷаҳонӣ эътироф гардад, метавонад мавқеъи "қонунӣ" буданро соҳиб шавад.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Толибон дар шаҳри Ҷалолобод таркиш ба амал оварданд. Бар асари инфиҷор 12 нафар ба ҳалокат расида, 27 тани дигар захмӣ шуданд.

Аввали моҳи апрел, аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба кормандони пулис дар шимоли Авғонистон дар сарҳад бо Тункманистон ҳамла оварда, шаш корманди мақомоти қудратиро ба ҳалокат расониданд.

Мавзуъ

ВАО: ҳалокати як фармондеҳу ду раҳбари калидии Толибон дар Афғонистон
Барчаспҳо:
силоҳдорон, эълон, ҷанг, амалиёт, Толибон, Мулло Умар, ИМА, Амрико, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ