06:06 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Ҷангиёни Давлати Исломӣ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

Патрушев: Русия ҷонибдори таъсиси ҷабҳаи бузург алайҳи “ДИ” аст

AP Photo/Raqqa Media Office, File
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Зарур аст, ки ҳамкориҳои байни кишварҳо дар мубориза бар зидди “Давлати Исломӣ” таҳким ёбанд ва сарчашмаи маблағгузории террористон дарёфт ва баста шавад, изҳор дошт Дабири Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Маскав дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ эъмори эътилофи қавиро алайҳи "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зарур медонад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба изҳороти Дабири Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушев.

"Дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ бояд фронти бузургро бар зидди "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бунёд намоем. Ин кор бояд таҳти мусоидат ва дар якҷоягӣ бо СММ амалӣ шавад. Барои иҷрои пурра ва саривақтии қарорҳои зиддитеррористии Шӯрои амният ва Ассаблеяи Генералии СММ баромад мекунем", —гуфт Патрушев дар вохӯрии 11-уми аъзоёни  Шӯрои Амнияти давлатҳои СҲШ дар Тошканд. 

Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки дар баробари ин бояд корҳо барои дарёфт ва бастани шабакаҳои маблағгузории "Давлати Исломӣ" пурзӯр карда шавад. Қувваҳои худро бар зидди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба муносибатҳои иқтисодии "Давлати Исломӣ" алоқаманданд пурзӯр намуда, барои дохил намудан ба меъёрҳои ФАТФ ва манъ намудани ҳама гуна амалиёти тиҷоратӣ бо ташкилотҳои террористӣ кӯшиш намоем.

 

Мавзуъ

Дар Молдова аз қочоқи тсезий-137 ба “Давлати исломӣ” ҷилавгирӣ карданд
Барчаспҳо:
мубориза, муқобала, мубориза алайҳи террористон, амалиётҳои тиҷоратӣ, муносибатҳои байналмиллалӣ, ҳамкориҳо, ДИ, ФАТФ, Давлати Исломӣ, СММ, СҲШ, Николай Патрушев, Тошканд, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ