ВАО: "Толибон" дар муддати се рӯз роҳбари нав интихоб мекунанд

© AP / Hekmat AimaqҶангиёни Толибон дар кӯчаҳои Қундуз 28 сентябри соли 2015. Акс аз бойгонӣ
Ҷангиёни Толибон дар кӯчаҳои Қундуз 28 сентябри соли 2015. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари собиқи ҳаракати радикалии “Толибон” Ахтар Мансур бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад шабакаи Dunya News.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Роҳбари  ҳаракати радикалии "Толибон" эҳтимолан вориси собиқ сардори "Толибон" Ахтар Мансур, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА ба ҳалокат расид, дар муддати се рӯз интихоб гардад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи Dunya News.

Толибони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кобул марги роҳбари “Толибон”-ро таъйид кард

Тибқи маълумот ҳаракати "Толибон" аллакай эълони даъвати ҷаласа кардаанд. Шабака танҳо қайд менамояд, ки шумораи номзадҳо ба вазифаи роҳбарии  Толибон хеле зиёданд, вале дар бораи макон ва вақти баргузории  ҷаласа маълумот дода намешавад.

Ҷаласаи қаблии шӯро, ки дар он Мансур ба ҳайси сардори ин ҳаракат интихоб гардида буд, дар наздикии шаҳри Кветаи Покистон доир гардида буд. ВАО чандин борҳо хабар доданд, ки шӯрои Толибон маҳз дар ҳамин шаҳр фаъолият мекунад.

Мансур рӯзи шанбе, 21 майи соли равон бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА ба мошине, ки дар дохили он қарор дошт ба ҳалокат расид. Исломобод ин амали ҳавопаймои бесарнишини ИМА-ро вайрон кардани соҳибихтиёрии мамлакат хонд.

Ҳамчунин ВКХ-и Покистон хабар дод, ки дар ҷои ҳодиса шиносномае бо раводиди Эрон ба номи Вали Муҳаммад дарёфт гардид, ки аз баргаштани ин нафар аз Эрон ба Покистон дарак медиҳад. Теҳрон ин маълумотро рад мекунад.

Лентаи хабарҳо
0