Сабаби марги кӯдаке, ки дар Флорида ба доми тимсоҳ афтод маълум гардид

© REUTERS \ Charles W. Luzier/File PhotoМеҳмонхонаи истироҳатии Disney's Grand Floridian Resort & Spa. Акс аз бойгонӣ
Меҳмонхонаи истироҳатии Disney's Grand Floridian Resort & Spa. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Флорида ҷасади кӯдаки ба доми тимсоҳ афтода ёфт шуд, иттилоъ медиҳад пулиси минтақавӣ Оранж Ҷерри Демингс.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ҷасади кӯдаке, ки рӯзи қаблӣ дар  Орландои иёлоти Флорида ба доми тимсоҳ афтода буд, ёфт гардид, хабар дод РИА Новости бо такя ба изҳороти корманди пулис Оранж Ҷерри Демингс.

Фоҷиа шоми рӯзи сешанбе дар наздикии меҳмонхонаи истироҳатии Disney's Grand Floridian Resort & Spa, ки дар қаламрави боғи машҳури фароғатии Disney World ҷойгир аст ба вуқӯъ пайваст. Дар боғи фароғатӣ тимсоҳ ба кӯдаки дусола ҳамла кард.

"Бадани кӯдак осеб надидааст… тимсоҳ ӯро танҳо ғарқ кардааст",-гуфт Демингс ба рӯзноманигорон.

Ба қавли ӯ наҷотдиҳандагон ҷасади кӯдакро дар чуқурии 2 метр дарёфт кардаанд.

Падару модар писари худро аз доми тимсоҳ наҷот дода натавонистанд.

Пулис ҳамчунин изҳор дошт, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба тафтишот  идома медиҳанд. Аз ҷумла онҳо мехоҳанд сатҳи бехатарии боғи фароғатиро маълум намоянд. Дар назди кӯлҳо навиштаҷоти "Оббозӣ манъ аст" қаблан гузошта шуда буд, вале дар бораи ҳайвоноти хатарнок маълумоте дода нашуд.

Намояндаи ҳифзи муҳити зисти Флорида Ник Уили иттилоъ дод, ки наҷотдиҳандагон тимсоҳеро, ки ба кӯдак ҳамла карда буд кофта истодаанд. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ панҷ тимсоҳ нобуд карда шуданд.

Фоҷиа шоми рӯзи сешанбе дар наздикии меҳмонхонаи истироҳатии Disney's Grand Floridian Resort & Spa, ки дар қаламрави боғи машҳури фароғатии Disney World ҷойгир аст ба вуқӯъ пайваст. Дар боғи фароғатӣ тимсоҳ ба кӯдаки дусола ҳамла кард.

Лентаи хабарҳо
0