15:49 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Ҷорҷ Буш зимни маросими видоъ бо қурбониёни эътироз. Акс аз бойгонӣ

Рақси Ҷорҷ Буш дар маросими видоъ бо қурбониёни намоиши эътирозӣ

© REUTERS / Kevin Lamarque
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Дар иёлоти Техас маросими видоъ бо қурбониёни бетартибиҳои эътироз оид ба кушта шудани ду афроамерикоӣ аз ҷониби кормандони пулис баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар шаҳри Далласи Амрико маросими видоъ бо қурбониёни бетартибиҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад нашриёти The Telegraph.

Дар маросими видоъ президенти ИМА Барак Обама бо завҷааш ва роҳбари собиқи ИМА Ҷорҷ Буш ҳамроҳи ҳамсараш иштирок карданд.

Зимни иҷрои суруд сиёсатмадорон бо либосҳои сиёҳ чун рамзи мотам сарашонро хам карда дасти ҳамдигарро гирифтанд.

Аммо мусиқӣ ва фазои маросими видоъ ба Ҷорҷ Буш таъсир накард. Президенти собиқи ИМА ба ҷои мотам аввал ба замзамаи суруд пардохта баъд ба рақс даромад.

Дар баробари ин сиёсатмадор кушиш мекард ҳамсараш Лор Буш ва Мишел Обамаро низ бо рақси худ ҷалб намояд. Чуноне, аз наворҳо бармеояд ҳамсари Обама аз ин амали президенти собиқ ба ваҷд наомада хиҷилона табассум мекунад.

Истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ нисбати ин амали президенти собиқ норозигӣ баён намуда, ҷоиз набудани чунин амалро дар маросимҳои видоъ қайд намудаанд.

Яке аз истифодабарандагони шабакаи интренетии Twitter  Роджер Каллинс  менависад "ба ман Ҷорҷ Буш писанд аст, вале  бо кадом фикр ӯ таҳти суруд дар чунин маросим рақс мекунад. Ман хеле мутаасирам".

Дар иёлоти Техас намоиши эътироз вобаста ба кушта шудани ду афроамерикоӣ аз ҷониби кормандони пулис баргузор гардид, ки дар пайи он ду нафари номаълум ба сӯи кормандони пулис оташ кушода дар натиҷа чор нафар ба ҳалокат расида 11 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Барчаспҳо:
маросими видоъ бо қурбониёни эътироз, Барак Обама, Ҷорҷ Буш, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ