13:36 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Рио

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро

© Sputnik / Григорий Сысоев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
4801

Оташи олимпиро варзишгари бразилӣ Вардерлей Кордейро гузошт. Маросими рангинро бетартибиҳо дар назди майдон тира карданд. Гурӯҳи одамон бар зидди хароҷоти зиёди давлат дар арафаи олимпиада норозигӣ баён намуданд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар Бразилия дар майдони "Маракана" маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии тобистона анҷом ёфт.

Бино ба нақшаи ташкилкунандагон маросими ифтитоҳ таҷассумгари моҳияти кишвари мизбон-табиати зебо, гуногунрангӣ ва шодию фараҳ буд.

Шарафи гузоштани шӯълаи олимпӣ ба дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои олимпии 2004 дар Афина, варзишгари бразилиягӣ Вандерлей Кордейро насиб шуд.

"Олимпиадаи  XXXI  кушода эълон мешавад",-изҳор дошт иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Бразилия Мишел Темер.

Баъди анҷоми намоиш ва гузашти варзишгарони 207 давлати дунё ба саҳнаи майдони "Маракана" роҳбари кумитаи тадорукоти Бозиҳо Карлос Нузман ва раиси Кумитаи байналмиллалии олимпӣ Томас Бах баромаданд.

Церемония открытия XXXI летних Олимпийских игр в Рио-де-Жанейро
Алексей Куденко
Маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро

"Ин ҷо таърих аз ҷониби варзишгарон, ихтиёриён ва ҷавонон навишта мешавад. Бразилия ҷаҳонро бо оғӯши кушод пешвоз мегирад. Мо орзуҳоямонро барбод намедиҳем ва ҳеҷ гоҳ аз роҳамон намегардем. Мо ҷонибдори ягонагии ҷаҳон ва варзиш ҳастем. Рио барои сабт намудани ҳодисаи таърихӣ омода аст",-изҳор дошт Нузман.

Бах аз омодагии Бразилия, ки сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта дар сатҳи баланд қарор дорад, изҳори хурсандӣ кард.

"Мо дар ҷаҳони бӯҳрон ва нобоварӣ зиндагӣ дорем ва Олимпиада-ҷавоби мо ба носозгориҳои ҳаёти имрӯза аст. Варзишгарон бо ҳам рақобат мекунанд. Мо ҳамаи шуморо барои ҳурмати рӯҳияи варзишӣ даъват менамоем",-"Дар ҷаҳони олимпӣ мо гуногуниро намепазирем ва гурӯҳи гурезагон-мисоли ягонагии мост",-гуфт ӯ.

© RUPTLY.
Ҳазорон одамон маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпиро дар Рио тариқи экранҳои калон тамошо карданд

Аз Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ҳафт варзишгар иштирок мекунанд.

 Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

 6-16 август — Анвар ЮНУСОВ (бокс, дар вазни то 56 кг)

10 август - Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (дзюдо, дар вазни то 90 кг)

12 август- Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ (дзюдо, дар вазни +100 кг)

11-12 август — Олим ҚУРБОНОВ (шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон)

12-13 август- Анастасия ТЮРИНА (шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон)

15-17 август — Кристина ПРОНЖЕНКО (давидан ба масофаи 200 метр миёни занон)

17, 19 август — Дилшод НАЗАРОВ (гурзандозӣ)

Мавзуҳо:
Олимпиадаи Рио-де-Жанейро: ба пеш барои ғолибият (26)
Барчаспҳо:
Рио-2016, Кумитаи байналмиллалии олимпӣ, Карлос Нузман, Томас Бах, Бразилия

Мавзӯъҳои асосӣ