18:14 07 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.68
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
81 0 0

Аз хавфи зери ҳуҷуми қувваҳо ҳавоӣ қарор гирифтани Гулмурод Ҳалимов, ки пешар дигар сарварони ин гурӯҳ дучор гардида буданд, расман дар бораи дар ин вазифа таъин шудани ӯ эълон карда нашудааст.

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Роҳбарии гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ гардонидашудаи "Давлати исломӣ" Глмурод Ҳалимов интихоб гардид, хабар медиҳад Вести.Ru.

Дар ин вазифа пештар Тархан Батирашвилӣ қарор дошт, ки моҳи июли ҳамин сол нобуд карда шуд.

Расман дар бораи ба ин вазифа таъин шудани Гулмурод Ҳалимов (маъруф бо номи Атоҷикӣ) ҷангиёни ДИ аз тарси он, ки ӯ низ зери зарбаҳои ҳавоӣ қарор мегирад, эълон накарданд.

Тибқи махълумотҳои  хадамоти амнияти вилояти Найванаи Ироқ, Ҳалмов қисми низомии ДИ сарварӣ мекунад. Дар ин гурӯҳи террористӣ роҳбари асосӣ Абубакр Албағдидӣ боқӣ мемонад. Ҳамаи намояндагони роҳбарияти ДИ ба таври пинҳонӣ умр ба сар мебаранд ва дар омма аз тарси он ки зери ҳуҷуми қувваҳои ҳавоӣ қарор мегиранд,  хело кам пайдо мешаванд.

Ҳукумати ИМА  моҳи сентябри соли 2015 Ҳалимовро ба рӯйхати террористон дохил намудааст, моҳи феврали соли 2016 бошад вай ба рӯйхати  таҳримҳои  СММ дохил гардид.  Ғайр аз ин Гулмурод Ҳалимов аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тариқи Интерпол ба ҷустуҷӯ эълон карда шудааст.

Депортаменти давлатии ИМА хотиррасон мекунад, ки барномаи давлатии мукофотонидани шахсони дар боари ҷинояткорон маълумотдиҳанда  дар ИМА аз соли 1984  амал мекунад ва тибқи он ба 80 нафар 125 млн  мукофотпулӣ дода шудааст, ки  маълумотҳои онҳо  боиси дасгир шудани террористон гардидааст.

 

Мавзуъ

ИМА ба ивази маълумот дар бораи Гулмурод Ҳалимов 3 млн доллар ваъда додааст
Кохи сафед: алайҳи Гулмурод Ҳалимов таҳрим ҷорӣ шуд
Расонаҳо: дар Сурия Гулмурод Ҳалимов ба ҳалокат расид
Барои таҳқиқи амалҳои Гулмурод Ҳалимов ситод ташкил шуд
Барчаспҳо:
Роҳбари низомии ДИ таъин гаштани Гулмурод Ҳалимов, Гулмурод Ҳалимов, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ