18:10 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Пулиси Фаронса. Акс аз бойгонӣ

Таркиши газ дар шаҳри Дижони Фаронса, нӯҳ нафар захмӣ шуданд

© AFP 2019/ PHILIPPE HUGUEN
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
25 0 0

Таркиш бо қувваи бузург ба амал омада, дар пайи он қисми бинои истиқоматӣ вайрон гардидааст. Чанд нафар сокинони шаҳр дар дохили бино мондаанд. Дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон кор мекунанд.

ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар маркази шаҳри Дижони Фаронса таркиши пуриқтидор ба амал омад, иттлоъ медиҳад Sputnik.  Инфиҷор дар дохили бинои истиқоматӣ ба амал омада қисми калони бино вайрон шудааст.

Чанд шаҳрвандони Фаронса дар дохили бинои истиқоматӣ мондаанд.

 

Бино ба иттилои РИА Новости, ки дар хабараш ба шабакаи телевизионии BFMTV  такя мекунад, мувофиқи гуфтаи шаҳрдории Дижон Франсуа Ребсамен сабаби таркиш дар маркази шаҳри Дижон, ки дар пайи он на кам аз ҳашт нафар захмӣ шуданд, эҳтимолан таркиши газ аст.

"Ин таркиш эҳтимолан бо сабаби таркидани балони газ ба амал омада бошад. Сабби асосии он айни ҳол маълум крада мешавад, вале ҳаминаш аниқ аст, ки ин ҳодиса ҳамлаи террористӣ нест",-гуфт Ребсамен.

Мавзуъ

Мақомоти Фаронса гунаҳкори ҳамлаи террористӣ дар Нитсаро муайян кард
Барчаспҳо:
9 нафар захмӣ, таркиши газ, инфиҷор, Фаронса

Мавзӯъҳои асосӣ