10:25 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Гулмурод Ҳалимов. Акс аз бойгонӣ

Ҳалимов-собиқ полковники тоҷик сарвари ҳарбии ДИ нашудааст

© Sputnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
6301

Собиқ афсари хадамоти сарҳадбонии Ироқ Ясин ал-Муадиди роҳбари низомии гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) интихоб шуд.

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар бораи ин оҷонсии Al Mada-и Ироқ бо такя ба яке аз роҳбарони милитсияи Ироқ навиштааст. Қаблан ВАО хабар дода буд, ки роҳбари низомии ДИ собиқ полковники ВКД-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов интихоб шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ зодаи Ироқ, ал-Муадиди дар артиш генерали бригадавӣ будааст. Ӯ наздики панҷ сол қабл, дар зинаҳои нахустини ташкили гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ ба ин ҳаракат ҳамроҳ шудааст.

"Роҳбарони ДИ дар вилояти Анбор ҷамъ шуда, Ясин ал-Муадиди, бо лақаби Абу Тахаро роҳбари низомии ташкилот ба ҷойи Абу Умар аш-Шишани, ки ба ҳалокат расонида шуд, интихоб карданд",хабар дод роҳбари мақомоти тафтишотӣ Назем ал-Ҷугайфӣ.

Дар бораи нобуд сохтани шаҳрванди Гурҷистон Тархан Батирашвили, ки чун Абу Умар аш-Шишани маъмул буд, дар аввоили моҳи март Пентагон хабар дода буд. Амалиёт дар минтақаи шаҳри Эш-Шаддади Сурия гузаронида шуда буд.

Ҳукумати ИМА моҳи сентябри соли 2015 Ҳалимовро ба рӯйхати террористон дохил намудааст, моҳи феврали соли 2016 бошад вай ба рӯйхати таҳримҳои СММ дохил гардид. Ғайр аз ин Гулмурод Ҳалимов аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тариқи Интерпол ба ҷустуҷӯ эълон карда шудааст.

Мавзуъ

Расонаҳо: дар Сурия Гулмурод Ҳалимов ба ҳалокат расид
Барои таҳқиқи амалҳои Гулмурод Ҳалимов ситод ташкил шуд
Барчаспҳо:
роҳабри нави низомӣ, Давлати Исломӣ, Ясин ал-Муадиди, Абу Умар аш-Шишани, Гулмурод Ҳалимов, Ироқ

Мавзӯъҳои асосӣ