Темпертон- муаллифи сурурҳои Майкл Ҷексон дар Лондон вафот кард

© Sony Pictures Releasing CIS / Гузариш ба медиабонкМайкл Ҷексон, Акс аз бойгонӣ
Майкл Ҷексон, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чуноне ки сарвари маркази мусиқии Warner/Chappell Ҷон Платт изҳор мекунад, Темпертон пас аз гирифтор шудан ба бемории саратон аз олам даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik.Мусиқисози машҳури британягӣ Род Темпертон — муаллифи суруди овозадори  Майкл Ҷексон  "Триллер" дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт, хабар медиҳад Би-би-си.

Оҳангсоз ҳафтаи гузашта дар Лондон вафот кардааст, хабар медиҳад ширкати телевизионӣ.

Чуноне ки сарвари маркази мусиқии Warner/Chappell  Ҷон Платт мегӯяд, Темпертон пас аз гирифтор шудан ба касалии саратон дар муддати кӯтоҳ аз олам даргузаштааст.

"Триллер"- албоми шашуми Ҷексон ба ҳисоб меревад.  Албоми мазкур соли 1982 навишта шудааст ва пас аз сабт гардидани клипи он Майкл Ҷексонро дар тамоми дунё машҳур кардааст.

Бояд қайд кард, ки Тампертон барои Майкл Ҷексон наздики даҳ суруд навиштааст, аз ҷумла машҳуртарини онҳо Burn This Disco Out, Baby Be Mine  ва The Lady in My Life мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0