22:51 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Дар Берлин сӯхтор ба амал омад

Сӯхтори шадид дар бинои Europa-Center. Дар Берлин

© REUTERS/ Fabrizio Bensch
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
14 0 0

Сӯхтор дар яке аз биноҳои маҷмааи Europa-Center дар наздикии боғи ҳайвоноти шаҳри Берлин ба амал омад. Сабабҳои сар задани сӯхтор то ҳол муайян карда нашудааст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Дар Берлин дар яке аз марказҳои савдо сӯхтор ба амал омад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи маҳаллии N24.

Сӯхтор дар яке аз бомҳои бинои маҷмааи Europa-Center дар наздикии боғи ҳайвоноти Берлин сар задааст. Ба гуфтаи намояндагони хадамоти сӯхтор хабари сӯхтор ба хадамот соати 13:49 бо вақти маҳаллӣ расидааст.

Барои мубориза бо оташ ба ҷойи ҳодиса шаст нафар кормандони хадамоти оташфишонӣ равон карда шуданд.

Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол маълум карда нашудааст. Дар бораи зарарбардоштагон ва ё қорбониён ягон маълумот нарасидааст.

Барчаспҳо:
сӯхтор, маҷмааи Europa-Center, Олмон

Мавзӯъҳои асосӣ