Стивен Таунсенд: муҳорибаи Мосул метавонанд тезу тунд ва дарозмуддат шавад

© AFP 2023 / AHMAD AL-RUBAYE / Гузариш ба медиабонкМашинаи ҳарбии ИМА дар Мосул
Машинаи ҳарбии ИМА дар Мосул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳориба метавонад дуру дароз ва тезу тунд шавад, аммо сокинони Ироқ ба он омодагии ҷиддӣ дидаанд, қайд кард фармондеҳи нерӯҳои муттаҳиди эътилофи байналмиллалии зидди ДИ бо роҳбарии ИМА генерал лейтенант Стивен Таунсен

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Амалиёти озод намудани шаҳри Мосули Ироқ аз ҷангиёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"(ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) метавонад якчанд ҳафта давом ёбад, гуфт сарфармондеҳи қувваҳои муттаҳиди эътилофи байналмиллалӣ зидди ДИ, бо роҳбарии ИМА генерал-лейтенант Стивен Таунсенд.

"Ин амалиёт- озод намудани яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ,  шояд якчанд ҳафтаҳо ва аз он ҳам зиёдтар давом кунад",- мегӯяд Таунсенд.

Парчами ДИ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: қувваҳои ДИ дар Мосул зиёд гардидаанд

Мосул аз ҷиҳати масоҳат дар Ироқ ҷойи дуввумро мегирад. Ин шаҳр аз соли 2014-ум инҷониб такягоҳи асосии ДИ ба шумор меравад. Ҳарбиёни Ироқ ва ёварони онҳо, аз ҷумла фронти халқӣ вақтҳои охир ба ҳуҷуми муҳим тайёрӣ дида истодаанд. Бегоҳии якшанбе сарвазири Ироқ Ҳайдар Алободӣ дар бораи саршавии амалиёти ҳарбӣ зидди ҷангиёни ДИ дар Мосул эълон намуд.

"Муҳориба метавонад дарозмуддат ва тезу тунд суръат гирад, аммо сокинони Ироқ ба он хело хуб тайёрӣ дидааанд ва мо онҳро дастгирӣ хоҳем кард"- илова намуд Таундсен. Вай қайд намуд, ки қувваҳои эътилофӣ зиёда аз 54 ҳзр. ҳарбиёнро дар Ироқ омода намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0