21:47 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Террористони Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Террористон таҳдид доранд, ки сокинони Ҳалабро ба қатл мерасонанд

© AFP 2019/ Fadi al-Halabi
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Террористон “Ҷабҳатуннусра” таҳдиди ба қатл расонидани нафаронеро мекунанд, ки ба долони башардӯстона мераванд

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik.Ҷанговарони гурӯҳи террористии "Ҷабҳатуннусра"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) таҳдиди тир андохтани сокинони Ҳалаби шарқиро мекунанд, хабар доданд сокинони сарҳад ва ҷанговарони маҳаллӣ.

"Мо дар наздикии онҳо зиндагӣ мекунем. Террористони "Ҷабҳатуннусра" ба қатл расонидани ништирокчиёни долони башардӯстонаро таҳдид мекунанд",- нақл намуд яке аз ҳамсӯҳбатони оҷонсӣ.

Кормандони хадамоти амният ва полис ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд.

Дар Ҳалаб аз санаи 20-уми октябр аз соати 8:00 таваққуфи башардӯстона эълон карда шудааст.  Рӯзи сешанбе Қувваҳои ҳарбии Русия ва Сурия ба минтақаҳои террористони Ҳалаб зарба намезанад.

Дар ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ФР рӯзи чоршанбе хабар доданд, ки бо хоҳиши ташкилотҳои байналмиллаӣ дар Ҳалаб таваққуфи расонидани кӯмаки гуманитарӣ дар давоми се соат эълон карда шудааст. Дар ин муддат намояндагони СММ ва Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Сурия метавонанд аз шаҳр беморон, ҷароҳатбардоштагон ва аҳолиро берун кунад.

Барчаспҳо:
ёрии гуманитарӣ, Таваққуфи оташандозӣ, таҳдиди террористон, "Ҷабҳатуннусра", Ҳалаб, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ