01:57 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Рақси помирӣ. Акс аз бойгонӣ

Ансамбли Игор Моисеев дар Италия рақси помирӣ нишон медиҳад

© Sputnik Амир Исаев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
37140

Сокинони Верона имкон пайдо мекунанд дар баробари рақси тоҷикӣ боз бо 10 навъи дигари рақси кишварҳои гуногун ошно шаванд.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҳунармандони ансамбли академияи рақси ба номи Игор Моисеев дар форуми 5-уми АвруОсиё дар шаҳри Верона дар саҳнаи театри "Филармонико" баромад мекунанд.

Ансамбл ба мухлисони рақс барномаи "Рақсҳои мардуми ҷаҳон"-ро пешкаш менамоянд, хабар медиҳад торномаи ташкилот.

Тамошобинон бо рақсҳои халқҳои гуногун аз қабили-рақсҳои халқи рус, рақси колмикӣ, рақси молдовӣ, рақси ҷугиҳо, рақси бессарабӣ, рақси гурӯҳии юнонии "Сиртаки", рақси помирӣ, рақси узбекӣ, рақси чӯпонони аргентинӣ "Гаучо", рақси гурӯҳии "Яблоко" ва "Тарантелуи ситсилиягӣ" шинос хоҳанд шуд.

Ансамбли давлатии академии рақсҳои халқӣ ба номи Игор Моисеев соли 1937 аз ҷониби хореограф ва ҳунарманд Игор Моисеев ташкил карда шудааст.

Мавзуъ

Се рӯзи фарҳангии Беларус дар Тоҷикистон: рақс ва намоиши дастовардҳо
“Суди девонагон”-и Конибодом аз Лондон ҷоиза меорад
Барчаспҳо:
10 навъи рақс, рақси помирӣ, намоиш, ансамбли ба номи Игор Моисеев, Италия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ