03:47 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри

Ёддоштҳои Ҷон Керри дар бораи низомиёни Шӯравӣ

© REUTERS / Jonathan Ernst
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Сиёсатмадори амрикоӣ дар бораи хотираҳои кӯдаконаи хеш аз қатораи ҳарбӣ, ки ба воситаи он аз Олмони Шарқӣ мегузашт, нақл кардааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik.Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керри ба сокинони шаҳри Берлин дар бораи хотираҳои кӯдаконаи хеш нақл намуд.

Дар рафти чорабинии ҷоизасупории "Барои хизмат ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон"  сиёсатмадор нақл намуд, ки дар мобайни солҳои 1950, дар синни 12-солагӣ  ба воситаи қатораи низомиён аз Франкфурт ба Берлин сафар мекард, ки хатти сафар аз ҳудуди Олмони Шарқӣ мегузашт.

Керри нақл намуд, ки ба мусофирон иҷозаи бардоштани парда ва ба берун нигоҳ карданро намедоданд, аммо сиёсатмадори оянда бо куҷковӣ пардаи оинаи қатараро бардошта, ба берун нигоҳ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Вақте ки мо дар  истгоҳ таваққуф кардем, низомиёни Шӯравӣ аз ин тараф ба он тараф мерафтанд ва назорат мекарданд, ки касе аз қатора поён нафарояд. Ҳамин вақт онҳо ба тиразаи ман ишора намуданд, ки пардаи оинаро поён фарорам, зеро ба ман ба берун нигоҳ кардан манъ карда шуда буд.

Ба гуфтаи Ҷон Керри ҳангоми сафар вай тамоми шаб бо ҳаяҷон хоб накардааст.

Дар вақти супоридани ҷоиза сиёсатмадор ҳамчунин қайд намуд, ки "Иёлоти Муттаҳида ва Олмон якҷоя дар пойдор мондани сулҳ мусоидат намуда, дар рушд ва таъмини амният кӯмак мерасонанд".

Ба гуфтаи вай ин ҷоиза маънои "рӯзи гиромидошти арҷгузорӣ ба ин ғояҳо ва муносибатҳои дурударози дӯстонаи ду кишварро дорад".

Барчаспҳо:
ёддошт, аскарони Шӯравӣ, Ҷон Керри, Олмон, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ