13:46 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Соли 2019 автомати Калашников дар Венесуэла истеҳсол мешавад. Дар давоми 60 сол зиёда аз 70 миллион автомати Калашников истеҳсол шудааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин бо сафари корӣ ба Венесуэла рафта бо президенти ин кишвар Николас Мадуро вохӯрд.

Дар рафти ҷаласаи сатҳи баланд, ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, тандурустӣ баррасӣ намуда, масъалаи кушодани заводи истеҳсоли автомати Калашниковро дар Венесуэлла ҳаллу фасл карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба қавли Рогозин заводҳои истеҳсолӣ аз соли 2019 пурра ба кор медароянд. Дар онҳо автомати АК-103 ва аслиҳаи ҷангӣ истеҳсол карда мешванд.

Ҷониби Венесуэла бояд бинои заводи автоматбарориро, ки соли 2014 аз кор монда буд, барқарор кунад.

"Мо пудратчиро иваз кардем. Ҳамаи таҷҳизотҳои лозима нигоҳдорӣ мешаванд. Бино омода нест. Мо пудратчиёни маҳаллиро барои ба итмом расонидани сохтмон интихоб кардем",-илова кард нахуствазири Русия.

То ҳоли ҳозир ягон давлати дунё иҷозаи истеҳсоли автомати Калашниковро, бо риояи ҳамаи қонунҳои дахлдор надорад.

Автомати Калашников яке аз машҳуртарин лавозимоти ҷангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Автомат соли 1947 аз ҷониби М.Т. Калашников истеҳсол карда шуда, соли 1949 чун лазовимоти ҷангӣ аз ҷониби ИҶШС қабул гардид.

Дар давоми 60 сол зиёда аз 70 миллион автомати Калашников истеҳсол шудааст.

Барчаспҳо:
истеҳсол, автомати Калашников, Николас Мадуро, Дмитрий Рогозин, Венесуэла

Мавзӯъҳои асосӣ