05:14 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Вохӯрӣ оид ба Сурия дар Остона

Оштӣ дар Сурия бо иштироки Русия, Эрон ва Туркия баррасӣ шуд

Sputnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7301

Имрӯз дар Остона якумин нишасти гурӯҳи муштаракати фаврии Русия, Туркия ва Эрон баргузор гардид. Дар маҷлис намояндагии СММ ҳам, ба ҳайси назоратчии иҷрои созошнома оид ба оштӣ дар Сурия иштирок дошт

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.Дар вохӯрии имрӯза дар Остона Русия, Туркия ва Эрон ҷузъиёти назорати оташбаси  Сурияро баррасӣ карданд, мегӯяд роҳбари ҳайъати Русия Станислав Гаджимагомедов.

Дар Остона аввалин нишасти гурӯҳи муштараки фаврии Русия, Туркия ва Эрон баргузор шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Иштирокдорони нишаст рафти иҷрои низоми қатъи амалиёти ҷангии Сурияро баррасӣ намуданд",- изҳор дошт Гаджимагамедов.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки аъзоёни ҳайъат тайёр будани гурӯҳро дар ҳамкорӣ дар иҷрои низоми оташбас дар Сурия тасдиқ карданд.

Пештар вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки вохӯрӣ дар Остона оид ба  масъалаи ташкили гурӯҳи якҷояи фаврии кишварҳои кофили сулҳу истиқрор бахшида мешавад, ки ҳамаҷониба рафти оташбасро дар Сурия мушоҳида мекунанд.

Гуфтушунидҳои дуҷониба оид ба масъалаи Сурия дар Остона санаҳои 23-24-уми январ баргузор гардиданд. Ба ҳайъати ягонаи мухолифини Сурия 15 гурӯҳҳои мусаллаҳи Сурия ворид шуданд.  Дар он ҳайъати Димишқ ва мухолифини мусаллаҳ бори аввал ба мизи гуфтушунид нишастанд. Дар навбати худ, кишварҳои кофил созишномаи оштӣ — Русия, Туркия ва Эрон — механизми сеҷонибаи назорати оташбасро дар Сурия ташкил намуданд.

Мувофиқи натиҷаҳои гуфтушунид президенти Русия Владимир Путин ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қайд намуданд, ки ин гуфтушунид дар сулҳи Сурия саҳми калон хоҳад гузошт.

Роҳбари Маркази стратегии тадқиқотҳои динӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир Максим Шевченко қайд кард, ки гуфтушунидҳо дар Остона дастоварди бузурги дипломатии Русия бва ҳисоб меравад.

Барчаспҳо:
қувваҳои мухолифин, гуфтушунид, оташбас, Максим Шевченко, Остона, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ