Бародари Ким Чен Инро ду зан бо сӯзанҳои заҳролуд куштанд

© AFP 2023 / JUNG Yeon-JeКим Чен Нам- бародари ӯгайи роҳбари Куриёи Шимолӣ
Ким Чен Нам- бародари ӯгайи роҳбари Куриёи Шимолӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду зан бо истифода аз сӯзанҳои заҳролуд бародари роҳбари Куриёи Шимолиро куштанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ҷасади бародари ӯгайи пешвои Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин- Ким Чен Нам аз Малазия ёфт гардид.

Тибқи маълумоти РИА Новости бародари роҳбари Куриёи Шимолӣ тайи солиёни зиёд дар хориҷ зиндагӣ доштааст.

Гулнора Каримова, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ислом Каримов: нақшаи куштори модарам- Гулнора Каримоваро доранд

Мувофиқи маълумоти пешакии манбаъ, Ким Чен Нам дар фурудгоҳ кушта шуд.

Якчанд расонаҳои дигар навиштаанд, ки бародари ӯгйи пешво аз дасти кормандони амнияти Куриёи Шимолӣ кушта шудааст.

Пас аз ҳуҷум Ким Чен Нам дар роҳи беморхона ба ҳалокат расид.

Ким Чен Нам- писари калонии роҳбари марҳуми Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир мебошад, аммо ба ҳукумат роҳ дода нашудааст.

Аз соли 2001-ум сар карда, Ким Чен Нам дар Чин зиндагӣ мекард. Мувофиқи баъзе маълумотҳо соли 2009 бародари марҳум- Ким Чен Ин аз вай халос шудан мехост, аммо зери фишори Чин натавонист ин амали хешро ба анҷом расонад. Ким Чен Нам ҳамавақт бо рӯзноманигорон мусоҳиба мекард ва аз намояндагони васоити ахбори умум худро канор намекашид.

Лентаи хабарҳо
0