23:58 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
парлумоти Эрон, акс аз бойгонӣ

Кушта шудани як кас дар ҳодисаи тирандозии парлумони Эрон

© AFP 2019 / ATTA KENARE
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҳамлаи ҷангиёни "Давлати исломӣ" ба Эрон (7)
94 0 0

Дар ҳодисаи тирандозии Маҷлиси шурои исломии Эрон як кас кушта шуд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тавре Sputnik  Эрон хабар медиҳад, фарди ношиносе дар тирандозӣ дар Маҷлиси Эрон як нафарро кушта, се касро захмӣ кардааст.

Дар ҷаласаи имрӯза дар парлумони Эрон афроди ношиносе сӯи муҳофизони маҷлис тир кушоданд.

Бино бар гузориши расонаҳои форсӣ онҳо то ҳол машғули тирандозӣ ҳастанд. Далели ин амали шахсони номаълум ҳоло маълум нест.

Sputnik Эрон дар такя ба манобеи худ мегӯяд, субҳи имрӯз соати 10:30 бо вақти Теҳрон 4 нафар фарди мусаллаҳ бо тирандозӣ вориди Маҷлис шуда, сӯйи муҳофизони парлумон тир кушоданд.Тиранзозӣ то ҳол давом дорад. Дар ҳоли ҳозир аз хуруҷи намояндагон ва хабаргузорон ҷилавгирӣ мешавад. Дарҳои парлумон баста шудаанд. Ҳоло афроду ҳуҷумкарда аз ҷониби муҳофизони Маҷлис боздошт нашудаанд.

Мавзуҳо:
Ҳамлаи ҷангиёни "Давлати исломӣ" ба Эрон (7)
Барчаспҳо:
кушта, тирандозӣ, парлумон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ