02:05 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Коршиносе дар Бритониёи Кабир пеш аз интихоботи парлумонӣ ваъда дода будааст, ки агар ҳизби Лейбористҳо ақалан 38 фисад овоз гирад, китоби навиштаашро мехӯрад

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Коршиноси бритонёгӣ Мэтю Гудвин китобашро дар рафти пахши зинда дар телевизион хӯрд. Худи вай гуфт, ки ин ҷазои пешгӯиҳои хатои вай аст. Дар ин бора телевизиони Sky News дар саҳифаи Twitter навишта ва навори онро пахш кардааст.

Шабакаи телевизионӣ навореро аз пахши зиндаи барномаи телевизионӣ гузоштаст, ки дар он муҷрӣ ба сиёсатшинос ҳарфҳои гуфтаашро ёдовар мекунад. Коршинос Мэтю Гудвин гуфта будааст, ки агар Лейбористҳо ақалан дар интихобот 38% овоз гиранд, пас вай китоби навиштаашро мехӯрад.
Дар интихобот Лейбористҳо 40 фисад овоз гирифтанд. Гудвен гуфт, "мард бояд гуфтаашро иҷро кунад" ва саҳифаҳои китобашро канда як ба як ба даҳон адохтан гирифт.
"Ман ин ҷо мешаним ва китобамро мехӯрам, шумо бошед барномаро бурдан гиред",- гуфт коршинос ба муҷрӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе, 8-уми июн дар Бритониёи Кабир интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он ҳизби Консерваторҳо  42 фисад ва ҳизби Лейбористҳо 40% овоз гирифтанд.
Барчаспҳо:
ҳизб, китоб, пешгӯӣ, Мэтю Гудвин, Британиё

Мавзӯъҳои асосӣ