03:50 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ

Аз суннат пайравӣ накард: Трамп дар остонаи иди Фитр "дасторхон" наорост

REUTERS/Joshua Roberts
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
59900

Кохи Сафед далели имсол ҷашн нагирифтани иди Рамазонро тавзеҳ надод

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба муносибати Иди Фитр дасторхони суннатии кишвардорони Иёлоти Муттаҳидаро наорост.

Бино ба иттилоъи рӯзнома Hill, оро додани дасторхон ба муносибати иди Фитр аз даврони раёсати Билл Клинтон оғоз шуда, дар солҳои кишвардории Ҷорҷ Буш ва Барак Обама идома ёфтааст.

Кохи Сафед далели имсол ҷашн нагирифтани Иди Фитрро тавзеҳ надод.

Вале Доналд Трамп фаро расинадни иди Рамазонро ба мусулмонони ҷаҳон табрик гуфта буд. Номаи табрикотии раисҷумҳури Амрико рӯзи шанбе нашр шуд.

Моҳи Рамазон ва рӯзагирӣ дар кишварҳои мусулмоннишин бо таҷлили иди Фитр ба поён мерасад.

Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз моҳи рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз таътил эълом мешавад. Иди Рамазон дар кишварҳои мусулмоннишин аз як то се рӯз ҷашн гирифта мешавад. Дар рӯзи аввал мардум бо пӯшоки тоза ба масҷидҳо рафта намози ид мегузоранд. Дар рӯзҳои пасин бошад дасторхони идона ороста ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд. Дар ин рӯзи муборак мусулмонон ба дӯстон хешу таборашон туҳфаҳо тақдим намуда, онҳоро ба хонаҳои худ даъват мекунанд. Барои кӯдакон пӯшоки нав мехаранд.

Шахсони расмии кишварҳои мусулмоннишин ба ҳамдигар ва халқи худ паёмҳои шодбошӣ ирсол намуда, дар аксар маврид барои маҳбусон афв эълон мешавад.

Иди Рамазон
© Sputnik
Иди Рамазон
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)

Мавзуъ

Раисҷумҳури Туркия ҳангоми гузоштани намози Ид дар масҷид аз ҳуш рафт
Владимир Путин мусулмононро бо Иди Фитр муборакбод гуфт
Раисҷумҳур ба ҳар як хонандаи синфи якум компютер тақдим мекунад
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз сарфакорӣ дар Иди Рамазон ёдрас кард
Барчаспҳо:
Иди Фитр, Доналд Трамп, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ