Дар пайи заминларзаи шадид дар Чин 6 гардишгар ҳалок шуданд

© AP / Andy WongЛюди собрались возле командного центра по спасению пострадавших в кораблекрушении туристического теплохода "Звезда Востока",
Люди собрались возле командного центра по спасению пострадавших в кораблекрушении туристического теплохода Звезда Востока, - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби гузашта дар ҷануби ғарбии Чин заминларзаи шадиде рух дод, ки дар пайи ин ҳодиса дастикам 12 тан кушта ва 175 тан захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Заминларза дар шаҳристони Сзючжайгоуи вилояти Сичуан, воқеъ дар ҷанубу ғарбии Чин рух додааст. Ин офати табиӣ дастикам 12 тан кушта ва беш аз 175 тан захмӣ ҷой гузошт.
Гуфта мешавад шаш тан аз фавтидагон гардишгарони хориҷӣ будаанд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 30 ҳазор тан гардишгар аз ин шаҳристон ба ҷойҳои дигар мунтақил шудаанд.
Ҳукумат амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳиро идома медиҳад. Дар минтақае, ки офати табиӣ рух додааст, ҳудуди 210 ҳазор тан умр ба сар мебаранд.
Заминларза дар Чин соати 21:19 шаби гузашта, ба шиддати 7 дараҷа рух дод ва баъ 770 бор пайи ҳам замин такон хӯрд.
Лентаи хабарҳо
0