04:26 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
17810

Русия умедвор аст, ки Эрон аз Барномаи ҷомеъи иқдомоти муштарак (БАРҶОМ) хориҷ нашавад ва Амрико низ ба таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби ин санад пойбанд бимонад

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ишора ба суханони раисҷумҳур Ҳасан Руҳонӣ дар бораи имкони хуруҷи Эрон аз тавофуқи ҳастаӣ дар сурати идомаи таҳримҳои Амрико, умедвор шуд Теҳрон аз БАРҶОМ хориҷ нашавад ва Амрико низ ба таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби он пойбанд бимонад.

Ҳасан Руҳонӣ 14 август эълом карда буд, ки дар сурати ташдиду афзоиши таҳримҳо аз сӯи Амрико, Эрон метавонад аз тавофуқи ҳастаӣ дар зарфи чанд соат хориҷ гардад.

Вай дирӯз дар нишасти расонаии муштарак бо ҳамтои боливии худ дар Маскав таҳримҳои зиддиэронии Амрикоро ғайримасъулона хонд ва аз барномаи мушакии Эрон дифоъ кард.

"Таҳримҳои зиддиэронии Амрико бо ҳадафи барҳам задани мувозинаи тавофуқи ҳастаӣ ба нафъи Вашингтон, иқдоме ғайримасъулона аст, ки метавонад ба ин мувозинаи бисёр санҷида осеб ворид кунад ва ҳатто онро барҳам бизанад", — таъкид кард Лавров.

Вай афзуд: "Афзоиши ҳазинаи Эрон барои барномаи мушакиаш, бар асоси қатъномаи Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид ҳеч манъе надорад".

Маҷлиси шурои исломии Эрон тарҳи қонуни ҷудогардонии 520 милюн дулор барои барномаи мушакии Ҷумҳурии Исломиро дар посух ба таҳримҳои Амрико ба тасвиб расондааст.

Амрико иддиъо кардааст, озмоиши мушаки моҳворабари "Симурғ" нақзкунандаи руҳи БАРҶОМ аст, ҳарчанд мамнуъ нест.

Мавзуъ

Намояндаи Маҷлис: Эрон мухолифи нақзи ҳокимияти Тоҷикистон аст
Русия: Маскав ҳама талошашро хоҳад кард то Эрон ба БАРҶОМ пойбанд бимонад
Руҳонӣ: БАРҶОМ ягона гузинаи Эрон набуда ва нахоҳад буд
Русия ва Эрон талошҳояшонро барои ҳалли буҳрони Сурия беш аз пеш ҳамоҳанг мекунанд
Барчаспҳо:
барномаи мушакии Эрон, БАРҶОМ, Вазорати умури хориҷаи Русия, Ҳасан Руҳонӣ, Сергей Лавров, Русия-Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ