02:39 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Дар натиҷаи ҳамлаи интиҳории имрӯзи Кобул дастикам 4 ғайринизомӣ кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Sputnik Афғонистон дар натиҷаи ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии микрараёни дувуми шаҳри Кобул- сари чорроҳи Аҳмадшоҳи Масъуд 4 тан кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд.

Бано бар иттилои манбаъ, соатҳои 10-и маҳаллӣ (бо вақти Душанбе 10:30- идора) як ҳамлакунандаи интиҳори маводи ҳамроҳашро дар як бонки хусусӣ дар чорроҳаи Масъуд ва Абдулҳақ мунфаҷир кардааст.

"То ҳол аз ин рӯйдод 4 ҷасади ғайринизомӣ ва се захмӣ ба шифохона интиқол дода шудааст",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Бо иттиҳоми ташкили инфиҷор нерӯҳои амнияти афғон як гумонбаршавандаро боздошт кардаанд.

Барчаспҳо:
инфиҷор, Аҳмадшоҳи Масъуд, Кобул, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ