15:22 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Дар Куреи Шимолӣ бомби гидротехикиро озмоиш карданд, ки он заминларзаи шадидеро дар пай овард

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Куреи Шимолӣ аз озмоиши бомувафаққияти бомби ҳидрогенӣ барои мушакҳои дурпарвоз хабар дод.

Изҳороти расмии Куреи Шимолӣ тариқи телевизиони марказии ин кишвар намоиш дода шуд.

Изҳороти Куриёи Шимолӣ пас  аз чанд соати сабти заминларзае дар ин кишвар эълон шуд.

Хабар дода шуд, ки дар Куреи Шимолӣ заминҷнбии қуввааш то 5,6 балл ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки ин ларзиш бар асари озмоиши бомувафаққияти бомби ҳидрогенӣ рух додааст.

Маркази заминларза дар чуқурии 10 километрӣ воқеъ будааст.

Дар ин росто дар Куреи Ҷанубӣ нишасти ғайринавбатии Кумитаи амнияти миллӣ баргузор шудааст.

Нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе бошад, озмоиши нави Куриёи Шимолиро  ғайри қобили қабул хонда нисбати ин озмоиш эътироз баён кард.

Мавзуъ

Раҳбари Куреи Шимолӣ артишашро омода ба ҷанг бо Амрико кард
Чин бо таҳримҳои Амрико бар Русияву Эрону Куреи Шимолӣ шадидан мухолифат кард
Барчаспҳо:
заминларза, таркиш, озмоиши бомби ҳидрогенӣ, Куреи Шимолӣ

Мавзӯъҳои асосӣ