05:42 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Парвина Бандишоева дар донишгоҳи Чин, акс аз бойгонӣ

Таҳсил дар Чин осон мешавад: мулоқоти раисҷумҳур бо Котиби ҳизбии музофоти Ляонин

© Аккаунт Facebook Парвины Бандишоевой
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин (16)
111 0 0

Дар роҳи сафар аз шаҳри Пекин ба шаҳри Сямэн, Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Далян боздид карда бо Котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Ляонини Чин Ли Си мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили роҳандозии ҳамкориҳои доманадор ва судовар байни вилоятҳои Тоҷикистон ва ин музофоти пешрафтаи Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба гузориши манбаъ, дар ин дидор ҷонибҳо сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, энергетика, коркарди маъданҳо, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду миёна, фарҳангу маорифро баррасӣ карданд.

Парвина Бандишоева
© Фото : Аз саҳифаи Парвина дар фейсбук

"Ҷонибҳо ба  роҳ мондани робитаи мустақими байни муассисаҳои олии таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ботаҷриба дар муассисаҳои олии таълимии Ляонин барои Тоҷикистон ва сайёҳиро аз бахшҳои муҳим ва манфиатбори ҳамкориҳо маънидод намуданд",-омадааст дар хабарнома.

Ҷалби бештари сармояи ширкату идораҳои саноатию сохтмонии Чин ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон, таҷдиду навсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт, коркарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ ва бунёди иншооти сайёҳӣ иқдоми муҳим барои ба сатҳу сифати беҳтар расонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардид.

Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин (16)
Барчаспҳо:
таҳсил осон мешавад, дидор, мулоқот, Чин Ли Си, Эмомалӣ Раҳмон, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ