Эрон ва Амрико намехоҳанд Курдистон аз Ироқ ҷудо шавад

© AP / Hassan AmmarМужчина держит девочку вместе с Курдским флагом, архивное фото
Мужчина держит девочку вместе с Курдским флагом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эрон ва Амрико ҳар ду мухолифи баргузории ҳамапурсӣ барои худсолорӣ дар Курдистони Ироқ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши Sputnik ба нақл аз хабаргузории эронии IRNA, Эрон ва Амрико ҳар ду мухолифи баргузории ҳамапурсӣ дар Курдистони Ироқ ҳастанд.

Дар рӯзҳои гузашта масъулони сиёсӣ ва низомӣ аз ҳар ду кишвари Эрон ва Амрико ба Курдистони Ироқ рафтанд то мақомҳои ҳукумати иқлими Курдистонро розӣ кунонанд, ки ҳамапурсӣ барои худсолориро баргузор накунанд ва ё пас аз баргузории он дар торихи 25 сентябр дархости худ барои истиқлол аз давлати марказии Ироқро пас бигиранд.

Ситуация в Мосуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Урдугоҳи дигари тоҷикон дар Ироқ пайдо шуд

Сарлашкар Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Нерӯи "Қудс" аз Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон, аз Теҳрон ва Бретт Макгерк, фармондеҳи нерӯҳои амрикоии мубориза бо ДОИШ (гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ", ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ шуда аст) ҳамроҳ бо Дуглас Сулаймон, сафири Амрико, ҳафтаи гузашта ба Бағдод ва Арбилу Сулаймония рафтаанд то ду тарафи ироқиро ташвиқ ба расидан ба тавофуқ кунанд.

Сарлашкар Сулаймонӣ ба мақомҳои Иттиҳодияи меҳании Курдистони Ироқ ҳушдор додаву гуфтааст: "Ман то кунун аз нерӯҳои мардумии "ал-Ҳашд аш-Шуъубӣ" хостаам ба Курдистони Ироқ ҳамла накунанд. Аммо дигар ин корро нахоҳам кард".   

Раҳбари Курдистони Ироқ Масъуд Борзонӣ ҳангоми суханронии худ дар Арбил, ки дар пасаш "Бале ба давлати Курдистон!" навишта шуда буд, гуфта: "Ҳеч ҷойгузине барои баргузории ҳамапурсӣ вуҷуд надорад!".

"Мо дасти бародарӣ ба сӯи ҳама дароз мекунем ва онҳое, ки мехоҳанд бо мо ҷанг кунанд, метавонанд хостаи худро имтиҳон кунанд", — афзуд вай.

Лентаи хабарҳо
0