16:52 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Самарқанд. Акс аз бойгонӣ

Шавкат Мирзиёев Самарқандро ба СММ "туҳфа" кард

CC BY-SA 2.0 / Mr Hicks46 / Shah-i-Zinda
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
42620

Нусхаи майдони Регистони Самарқанд аз сангҳои гаронбаҳо сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев нусхаи майдони Регистони Самарқандро ба СММ ҳадя кард.

Ба гузориши хабарнигори РИА Новости, ин нусха аз сангҳои гаронбаҳо омода шудааст.

Туҳфаи Мирзиёев дар қароргоҳи СММ яке аз беҳтаринҳо шинохта шудааст.

"Дар қароргоҳ туҳфаҳои рангин зиёданд — ин яке аз беҳтаринҳо аст", — гуфтааст намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова.

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи сешанбе бо ҳайъати ИМА муносиботи дуҷонибро баррасӣ кардааст.

Кишвардори Узбакистон рӯзи душанбе барои ширкат дар кори Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ сафар кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҳам барои ширкат дар ин ҷаласа аз Ишқобод ба Ню-Йорк сафар карда буд.

Барчаспҳо:
туҳфа, СММ, Шавкат Мирзиёев, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ