09:33 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Шиносномаи биометрии шаҳрвандони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Қувваи гузарнома: шаҳрвандони ҶТ бе раводид ба кадом кишварҳо рафта метавонанд

© Sputnik
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
86220

Миёни давлатҳое, ки тоҷикон метавонанд бе раводид сафар кунанд - Антигуа, Барбуда, Барбадос, Кабо Верде, Зимбабве ва Мавритания номбар шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон бе раводид метавонанд аз 54 кишвари дунё боздид кунанд.

Аз рӯи ин нишондод, тиқби пажӯҳиши "Қувваи шиноснома" Тоҷикистон дар мақоми 71-ум қарор гирифтааст.

"Қувваи шиноснома" — пажӯҳишест, ки ҳамасола феҳристи кишварҳоро аз рӯи сафар бе раводид ба давлатҳои ҷаҳон, муайян мекунад.

Миёни давлатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид боздид кунанд — Антигуа, Барбуда, Барбадос, Кабо Верде, Зимбабве ва Мавритания номбар шудааст.

Ҷои аввалро дар ин феҳрист Олмон ва Сингапур гирифтаанд. Шаҳрвандони ин кишварҳо ҳуқуқ доранд бе раводид аз 158 кишвари ҷаҳон боздид кунанд. Дар сатри охирини ин феҳрист Афғонистон ҷой дода шудааст, ки шаҳрвандони ин кишвар фақат ба 22 давлати ҷаҳон бе равод сафар карда метавонанд.

Узбакистон бо Тоҷикистон дар як сатр қарор гирифтааст ва шаҳрвандони ин кишвар метавонанд  бе раводид ба 54 давлати дунё сафар кунанд.

Барчаспҳо:
қувваи шиноснома, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ