15:08 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
31380

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Созмони милали муттаҳид ҷоизаи "Global Leadership Award"-ро дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Созмони милали муттаҳид ҷоизаи "Global Leadership Award"-ро ба шоҳзода Карим Оқохон барои саҳми бузургаш дар умури хайрияву барномаҳои башардӯстона ва беҳбуди зиндагии мардумон тақдим кард.

Ин ҷоизаро дар маросиме, ки 18 октябр дар Ню-Йорк баргузор шуд, дабири кулли пешини СММ Куфӣ Ато Аънон ба раҳбари исмолиёни ҷаҳон тақдим кард.

Дар ҳошияи ин маросим шоҳзода Оқохон бо дабири кулли СММ Антониу Гуттериш низ дидор кард.

Принц Карим Ага-хан IV с генеральным секретарем ООН Гутерреш Антониу
Принц Карим Ага-хан IV с генеральным секретарем ООН Гутерреш Антониу

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии мусулмонони шиъаи имомии исмоилии ҷаҳон аст, ки ҷамоаташон дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор касро дар бар мегирад. Ин ҷоиза ба подоши барномаҳои башардӯстонае ба бунёдгузори Шабакаи тавсеъаи Оқохон тақдим шуда, ки дар 60 соли имоматаш бар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон анҷом додааст.

Шабакаи тавсеъаи Оқохон гурӯҳе аз созмонҳои ғайримазҳабӣ, байналмилалӣ ва хусусӣ аст, ки дар заминаи беҳбуди фурсатҳо ва беҳзистии мардумон дар манотиқе аз ҷаҳони тавсеъаёбанда фаъолият мекунад. Созмонҳои ин Шабака хешкориҳои гуногуне аз беҳдошту омӯзишу парвариш гирифта то меъморӣ, тавсеъаи рустоӣ ва тарвиҷи сармоягузории бахши хусусӣ доранд. Ин созмонҳо дар ростои ҳадафе муштарак ҳамкорӣ мекунанд, ки он поярезии бунгоҳҳо ва барномаҳоест, ки бояд пайгирона посухгӯи чолишҳои тағйироти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ҷаҳон бошанд.

Мавзуъ

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон
Шоҳзода Оқохони IV дар Канада Қароргоҳи Маркази ҷаҳонии плюрализмро роҳ меандозад
Шоҳдухт Заҳро Оқохонро аз Душанбе коргузорони AKDN гусел карданд
Шоҳзода Оқохони IV бо Сергей Лавров дидор кард
Шоҳзода Карим Оқохони IV аз Маскав боздид мекунад
Барчаспҳо:
Оқохон, СММ, ҷоиза, Созмони милали муттаҳид, Шабакаи тавсеъаи Оқохон, Шоҳзода Карим Оқохони IV, Антониу Гутерреш

Мавзӯъҳои асосӣ