Дар Кобул дар наздикии донишгоҳи низомӣ инфиҷор ба амал омад

© AFP 2023 / TARIQ MAHMOODСкорая помощь в Афганистане, архивное фото
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар наздики Донишгоҳи дифои миллӣ дар Кобул 15 низомӣ кушта ва 6 низомии дигар захмӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, рӯзи гузашта, тақрибан соатҳои 16:00 бо вақти маҳаллӣ дар наздкии донишгоҳи низомие дар Кобул инфиҷор рух додааст.

Бино бар иттилои манбаъ,  сухангӯи Вазорати дифои миллии Афғонистон гуфтааст, ҳадаф ҳамлагарон донишҷӯёни донишгоҳи низомӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар наздики Донишгоҳи дифои миллӣ дар Кобул 15 низомӣ кушта ва 6 низомии дигар захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, рӯзе пештар дар инфиҷоре, ки ДОИШ дар масҷиди Имом замон ба амал овард,  56 тан кушта ва 55 тани дигар захмӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0