Раисҷумҳури Русия ба Эрон сафар кард

© Sputnik / Sergey Guneyev  / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Ирана Х. Рухани
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Ирана Х. Рухани - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар кард

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия барои ширкат дар  дувумин нишасти сеҷонибаи раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Озарбойҷон имрӯз  ба Теҳрон сафар кард.

Дар ҳошия ин сафар нахуст Путин бо ҳамтои эрониаш Ҳасан Рӯҳонӣ дидор ва мулоқот хоҳад кард. Ба нақша гирифта шудааст, ки бегоҳи ҳамин рӯз нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Озарбойҷон баргузор шавад.

Раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Озарбойҷон қарор аст дар нишасти сеҷонибаи Теҳрон, дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ ва охирин таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон бо якдигар гуфтугӯ кунанд.

Ин савумини сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Эрон аст.

Нахустин нишасти муштарак ва сеҷонибаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Озарбойҷон августи соли 2016 дар Боку баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0