09:00 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Сайфулло Саипова

Дилноза Абдусамадова дар бораи ҳамлагари Ню-Йорк: "ӯ шахси ором буд"

St. Charles County Department of Corrections/KMOV via AP
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
634 0 0

Аъзои хонаводае, ки Сайфулло Саипов соли 2010 ҳамроҳашон ба сар мебурд,ба ҳамлагару терурист будани Сайфулло бовар надоранд

ДУШАНБЕ, 1 ноя— Sputnik. Рӯзи сешанбе дар Ню-Йорк ронандаи боркаш ба роҳи дучархаронон баромада чанде аз дучархарононро пахш карду пасон ба автобуси мактабӣ бархӯрд.

Дар натиҷаи ин ҳамла ҳашт кас ҳалок ва ёздаҳ тани дигар захмӣ шуд.

Ба гузориши расонаҳои ИМА ин ҳамлагар Сайфулло Саипови 29-сола буда аслаш аз Узбакистон аст. Шаҳрдори Ню-Йорк Билл Де Блазио ин ҳодисаро ҳамлаи теруристӣ номид.

Гуфта мешавад, ки Сайфуло соли 2010 тариқи корти сабз ба Амрико ворид шудааст. Вақтҳои охир ӯ ба ҳайси ронанда дар ширкати Uber фаъолият мекард. Боркашро бошад рӯзи сешанбе кироя гиритааст.

Хонаводае Сайфулло ҳамроҳашон соли 2010 зиндагӣ мекард, ба ин ҳодиса бовар карда наметавонанд, хабар медиҳад Cincinnati.

Ба гузориши ин нашриёт муттаҳам соли 2010 дар муддати ду ҳафта дар шаҳри Тсинтсиннати иёлоти Огайо ба сар бурда буд.

"Ӯ бисёр шахси ором буд. Доим машғули кор буд. Ӯ вақташро дар шабнишиҳо ё ягон ҷои дигар намегузаронд. Аз кор ба хонаю аз хона рост ба кор мерафт", — нақл кард Дилноза Абдусамадова, ки замони зиндагӣ ҳамроҳ бо Сайфулло ҳоло наврас буд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки соли 2011 Саипов бо суроғаи ҳамин хона бе огоҳии соҳибонаш бизнес кушодааст.

Ба гуфти аъзоёни ин хонавода аз замоне, ки  ӯ аз ин манзил кӯч баст, онҳо бо Сайфулло алоқае надоштаанд.

Зане, ки дар ҳамсоягии Сайфулло ба сар мебарад акси ӯро шиносоӣ карда ва гуфтааст, ки "ӯ шахси дарундор" буд.

Дӯсташ Қобилҷон Маткаров ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки "Сайфулло писари хуб буд" ва ба ӯ меҳри бародарӣ дошт, вале дар бораи ҳамроҳ будан бо ДОИШ хабаре надорад.

Ба гуфти Маткаров, Сайфулло "аз зиндагӣ дар Амрико шод буд ва онро дӯст медошт".

Барчаспҳо:
ҳамлагар, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ