Рамазон Қодиров хостори гӯронидани Ленин шуд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкГлава Чечни Рамзан Кадыров
Глава Чечни Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров хостор шуда, ки пайкари мумиёишудаи Владимир Ленин ба хок супурда шавад.

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. "Ин дуруст нест, ки дар дили Русия, дар Майдони Сурх, тобуте бо ҷасад гузошта шуда бошад", — навиштааст Рамазон Қодиров дар шабакааш дар Telegram. 

Вай хостори гӯронидани бунёдгузори Давлати Шуравӣ шуда ва гуфта, ки ин беҳтарин тасмим аз дидгоҳи торихӣ хоҳад буд.

"Тасмим барои гӯронидани Ленинро мусалламан бояд раисҷумҳури Русия Владимир Путин бигирад. Вале ман худ бар ин боварам, ки бас аст дигар мурдаи Ленинро тамошо кардан. Раҳбари инқилобро бояд солҳо пеш ба хок месупурданд, ки корест ҳам хирадмандона аст ва ҳам инсонӣ. Як пажӯҳишгоҳ часади Ленинро нигаҳдорӣ мекунад. Онро шабонарӯзӣ посдорӣ мекунанд", — навиштааст Қодиров.

Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Қодиров барои дидор бо Мирзиёев ба Узбакистон рафт

Вай гуфта, ки на танҳо часади Ленин бояд гӯронида шавад, балки сари буридаи Ҳоҷӣ Мурод — ноиби Имом Шомил, ки ҳануз ҳам дар музеи Санкт-Петербург нигаҳдорӣ мешавад, бояд ба хок супурда шавад.

Мавзуъи гӯронидани Ленин ҳар аз гоҳе дар Русия матраҳ мешавад. Ин бор ин мавзуъ дар 100-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Октябр дар сархатти расонаҳо ҷой мегирад.  

Чанде пеш раиси Шурои Федеросюни Русия Валентина Матвиенко гуфта буд, ки ҷасади Ленин дер ё зуд ба хок супурда хоҳад шуд ва ин масъаларо метавон дар ҳамапурсӣ ҳалл кард, аммо ҳануз замони он фаро нарасидааст.

"Ин мавзуъ дар ҷомеъа ихтилоф падид меоварад, ки ба суди кишвар нест. Аз ин рӯ гумон дорам, ки роҳи орому мусолиматомези ҳалли ин масъала пайдо хоҳад шуд. Метавон онро дар ҳамапурсӣ матраҳ кард, ки дидгоҳи аксарияти шаҳрвандонро ошкор хоҳад кард. Вале ин  ҳамапурсӣ ҳамин имрӯзу фардо баргузор намешавад", — гуфтааст Матвиенко дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "Аргументы и факты".

Чанде пеш Ксения Собчак, муҷрии телевизион ва довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи соли 2018, гуфта буд, ки агар дар интихобот баранда шаванд, дар нахустин иқдомаш дастур хоҳад дод ҷасади Ленинро аз Майдони Сурх дур кунанд.

Дар поёни моҳи апрел ҳам намояндаҳои ҳизбҳои либерол-демократ ва "Единая Россия" пешнависи қонуни гӯронидани Ленинро ба Маҷлиси қонунгузори Русия пешниҳод карда буданд, вале дертар намояндаҳои ЕР дархосташонро пас гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0