Гурбаеро, ки дар Шарқи Дур гум шуда буд, дар Тоҷикистон шинохтанд

CC0 / Pixabay / Кошачьи лапки, архивное фото
Кошачьи лапки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонвардӯстоне дар Шарқи Дур барои гурбае гумшуда сарпаноҳ меҷустанд, вале онро дар Тоҷикистон шинохтанду ба соҳибонаш бар гардонданд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ин иттифоқи аҷиб дар шаҳри Благовешенск — маркази вилояти Амурск дар марзи Русия бо Чин рух додааст.

Ҳамвандони анҷумани ҷонвардӯстони "Кошкин дом" барои гурбае сарпаноҳ меҷустанд, ки дар кӯча пайдо карда буданд. Онҳо акси ин гурбаро дар баргаи анҷуманашон дар Instagramm мунташир кардаву зераш навишта буданд:

"Ин гурбаро дар кӯча пайдо кардем. Чунон ки худ мебинед, ин бечора велгарду дайду нест. Шояд гум шуда ва шояд ҳам касе ӯро ба хиёбон партофта бошад. Зиндагиашро танҳо инсон метавонад беҳбуд бахшад".

 

Благовещенск. Очередная брошенная душонка. Видно что к улице он не привык, видимо наигрались, а может и потеряшка, но от наших предположений ему лучше не станет. Жизнь его может изменить лишь человек-- к сожалению. Ищем дом парню, на улице ему не выжить. Знаете, работая уже столько лет с животинкам, визуально определяешь, бывший домашний или нет. Те кто рождён и научен матерью к жизни на улице а кого ждёт погибель. У обречённых видно по виду, они потреппаные, даже избитые жизнью. Бедра и шерсть становиться как старая потрёпанная одёжа. Обречённый взгляд, уже даже не молящий, а скорее ждущий завершение своего пути. Холод, голод ещё никого не сделал счастливым. Отзовись, человек, который способен сохранить ему жизнь, способен зажечь угольки счастья в глазах. Мы поможем с кастрацией, осмотром в клинике. Ведь если не биться за одну жизнь, то сотни жизней ничего не стоят. Обретёт ли счастье и любовь этот обречённый,одинокий путник улиц, или пропадет, под ногами нашими, оказавшись жертвой безразличия и жестокости- решать тебе,ЧЕЛОВЕК. 89098170333

Публикация от Подари Надежду (Кошкин Дом) (@help_animals_blg) Ноя 8 2017 в 3:29 PST

 

Онҳо аз хонандагони баргаашон дархост карданд барои ин гурба сарпаноҳ пайдо кунанд, ваъда доданд, ки масоили домпизишкиашро худашон ҳалл мекунанд. Бисёре аз хонандагон ба ин дархост посух доданд, бархе кумакашонро пешниҳод карданд ва чанде ҳам пул додан хостанд.

Аммо дар ин миён иттифоқе рух дод, ки қазияро комилан боварнакарданӣ гардонд. Паёми ҷонвардӯстонро дар интернет марде аз Тоҷикистон дид, ки модараш дар шаҳри Благовешенск зиндагӣ мекунад.

Ӯ ин гурбаро шинохту гуфт он Мотя ном дорад ва дар хонаи модараш зиндагӣ мекунад. Модараш ҳам гурбаро шинохту гуфт, ки он ду ҳафта пеш аз он гум шуда будааст. Ҷонвардӯстон гурбаро ба соҳибаш бар гардонданд. Гурбаву соҳибаш аз дидори ҳамдигар бисёр шод шуданд.   

Лентаи хабарҳо
0