Ситораи Болливуд Шаши Капур вафот кард

© REUTERS \ SUJIT JAISWALБоливудский актер Шаши Капур, архивное фото
Боливудский актер Шаши Капур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаши Капур дар соли 1989 якҷоя бо мутахассисони кинематографияи Иттиҳоди Шуравӣ афсонаи "Шоҳзодаи сиёҳ Аҷуба"-ро ба навор гирифта буд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ситораи Болливуд Шаши Капур дар синни 80-солагӣ вафот кард, хабар медиҳад ожонсии United News of India.

Гуфта мешавад, ҳунарманд дар яке аз беморхонаҳои Мумбай пас аз бемории тӯлонӣ вафот кардааст.

Шаши Капур дар чанде аз филмҳои машҳури ҳиндӣ нақш бозидааст. Дар соли 1989 ҳунарманд якҷоя бо мутахассисони кинематографияи Иттиҳоди Шуравӣ афсонаи "Шоҳзодаи сиёҳ Аҷуба"-ро ба навор гирифта буд.

Дар соли 2015  Шаши Капур ба ҷоизаи воломақоми соҳаи киноматография дар Ҳиндустон ноил шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0