09:37 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Парчами Эрон. Акс аз бойгонӣ

Мушкиле нест, ки осон нашавад: Тоҷикистону Эрон созишномаи гумрукӣ имзо карданд

© Sputnik /
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
209 0 0

Тоҷикистону Эрон дар Брюссел созишномаи гумрукӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 15 дек— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзҳои 14 — 15 декабр дар пойтахти Иттиҳодияи Урупо — шаҳри Брюссел, ҷаласаи 131-уми Шурои ҳамкории Созмони Ҷаҳонии Гумрук баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони Тоҷикистон дар ҳайъати раиси хадамоти гумруки назди Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ва сафири Тоҷикистон, Намояндаи доимии кишвар дар Иттиҳоди Урупо Эркинхон Раҳматуллозода ширкат карданд.

Дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти Абдуфаттоҳ Ғоиб бо раиси кулли Созмони гумруки Эрон Фуруд Асғарӣ баргузор шудааст.

Дар ин дидор мавзуъҳои ҳамкории ин ду ниҳод баррасӣ шуда ва Ёддошти тафоҳуми амалисозии Созишнома миёни Тоҷикистон ва Эрон барои дар ҳамкорӣ дар умури идорӣ барои иҷрои дақиқи қонунгузории гумрукӣ имзо шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа масоили вобаста ба фаъолияти Созмон дар соли 2017 ва нақшаҳои ояндаи СҶГ баррасӣ гардиданд.

Дар ин нишаст интихоботи ҳайъати раҳбарии СҶГ низ баргузор шуд ва намояндаи Мексика Рикардо Тревинйо муовини Дабири кулли СҶГ интихоб шуд.

Барчаспҳо:
имзо, дидор, созишнома, мулоқот, ВУХ-и Тоҷикистон, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ