04:56 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Владимир Жириновский, акс аз бойгонӣ

Жириновский ҳам номзадиашро ба раёсати ҷумҳурии Русия пешбарӣ мекунад

© Sputnik / Евгения Новоженина
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Интихоботи раиси ҷумҳур дар Русия 18-уми марти соли равон баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳизби либерал-демократии Русия номзадии раиси ин ҳизб — Владимир Жириновскиро ба раёсати ҷумҳурии Русия пешбарӣ мекунад. Қарори вижаро ҳизб рӯзи чоршанбе дар ҷамъомади ЛДПР қабул кардааст.

Тавре сомонаи расмии ҳизб хабар медиҳад, аз ин қарорро 100 вакиле, ки дар ҷамъаомад ширкат доштанд, ҷонибдорӣ карданд.

Гуфта мешавад, касе зидди намзадии Жириновский овоз надодааст.

Ёдрас мешавем, интихоботи раисҷумҳурӣ дар Русия 18-уми марти равон баргузорхоҳад шуд.

Раисҷумҳури феълии Русия Владимир Путин пештар эълом кард, ки дар интихоботи навбатӣ низ ширкат хоҳад кард.

Ҳамчунин рӯзноманигори ҷанҷолии Русия Ксения Собчак ҳам эълон карда буд, номзадиашро ба раёсати ҷумҳури Русия пешбарӣ мекунад.

Дар наворе Ксения Собчак мегӯяд, бо далели он, ки касе аз номзадҳоро қабул надорад, номзадии худро ба мақоми раисҷумҳурии Русия гузоштааст.

Барчаспҳо:
номзадӣ ба президентӣ, интихобот, Владимир Жириновский, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ