12:04 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Гулнора Каримова, акс аз бойгонӣ

Гулнора Каримова ҳам ба рӯйхати сиёҳи Амрико ворид шуд

© Sputnik / Валерий Левитин
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

ИМА духтари собиқ раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов-Гулнора Каримоваро ба "рӯйхати Магнитский" ворид кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Духтари собиқ раисҷумҳури Узбакистон Гулнора Каримова низ ба рӯйхати сиёҳи Амрико ворид шудааст.

Бино бар иттилои сомонаи Вазорати молияи ИМА,  Гулнора Каримова низ дар ҳабс ва шиканҷаи ҳуқуқшинос Сергей Магнитский даст дорад.

"Каримова Гулнора Исломовна. Тахаллусаш Гугуш. Соли таваллудаш 8 июли соли 1972, ҷойи таваллуд Фарғона, Узбакистон. Миллаташ узбак, шаҳрванди Узбакистон ",- омадааст дар рӯйхати мунташиршуда.

Пештар хабар дода шуд, ки Амрико боз 5 сиёсатмадори дигари Русия, аз ҷумла Рамазон Қодировро ба "рӯйхати Магнитский" ворид кард.

Худи Рамазон Қодиров ин иқдоми ИМА-ро тавзеҳ дода гуфт, ҳеҷ гоҳ хостори сафари Амрико набуд.

"Ман пештар ҳам гуфта будам ва ҳоло барои фаромӯшхотирон такрор мекунам- агар Амрико ба ман ҳамаидороиҳояшро бахшад ҳам, ман он ҷо рафтанӣ нестам",- менависад Қодиров дар Instagram.

Қодиров ҳамчун афзудааст, ки чанде аз шахсиятҳои маъруфи амрикоӣ доим ба хонаи вай ба меҳмонӣ меоянд, ҳатто мехоҳанд ва ҷумҳурӣ кӯч банданд.

"Ин таҳримҳои шуморо онҳо писанд намекунанд",- менависад вай.

Рӯйхати Магнитский-рӯйхати шахсоне мебошад, ки ба онҳо воридот ба Амрико мамнуъ шудаст. Ба андешаи тартибдиҳандагони рӯйхат, гӯё ин ашхос дар ҳабс ва шиканҷаи Сергей Магнитский даст доранд.

Сергей Магнитский- аудитор ва ҳуқуқшинос буд, ки дар ширкати Firestone Duncan кор мекард. Магниский эълом кард, ки аз будҷаи Русия маблағи калонеро гум шудааст. Пас аз ин изҳороташ, вай ба ҳабс гирифта шуд ва дар маҳбаси "Матросская тишина" зиндонӣ буд. Дар соли 2009 Матроский 7 рӯз пеш тамом шудани маҳлати ҳабсаш ба ҳалокат расид. Пас аз ин, дар ИМА ва Канада зидди нафароне, ки эҳтимол дар кушта шудани вай даст доранд, таҳрим ворид карда шуд.

Гулнора 8-уми июли соли 1972 дар Фарғона ба дунё омадааст. Вай соли 1988 Академияи математикии шаҳри Тошкандро хатм мекунад ва соли 1994 ба Шуъбаи иқтисоди байналмилалии донишкадаи фалсафаву иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил мешавад. Ҳамчунин вай донишомӯхтаи донишгоҳҳои Амрико ва Донишгоҳи Ҳарвард аст. Гулнора Каримова дар соли 2001 унвони доктори улуми сиёсиро дарёфт кардааст.

Духтари калонии аввалин раисҷусмҳури Узбакистон дар соли 1991 дар ҷашни зодрӯзи дугонааш бо узбаки афғонистоние бо ном Мансур Мақсудӣ шинос мешавад ва бо вай издивоҷ мекунад. Аз ин издивоҷаш ду писар — Ислом ва Имрон ба дунё меоянд. Пас аз даҳ соли ҳамсарӣ Гулнора аз шавҳараш дар соли 2001 ҷудо шуд.
улнора Каримова аз соли 2003 то соли 2005 дар сафорати Узбакистон дар Русия дар симати ройзан кор карда буд. Аз соли 2008 то соли 2013 намояндаи доимии Ҷумҳурии Узбакистон дар СММ буд.

Вай ҳамчунин аз соли 2010 то соли 2012 сафири Узбакистон дар Испониё буд.

Бештари коршиносон муваффақияти Гулнораро ба назар гирифта, пешгӯӣ мекарданд, ки ҷойгузини падараш мешавад. Аммо пас аз соли 2013 миёнаи Гулнора бо Ислом Каримов бад шуд ва ӯ мавқеъи сиёсиашро дар кишвар аз даст дод.

Аз ҳамон сол то кунун Гулнора хоназиндон буд. Созмони амнияти Узбакистон иҷоза мемедод вай аз интернет истифода барад.

Барчаспҳо:
рӯйхати Магнитский, Гулнора Каримова, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ