Аҷиб: нахустин таксии ҳавоӣ дар Чин парвоз кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВертолет, архивное фото
Вертолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин таксии ҳавоии бидуни сарнишини ҷаҳон дар шаҳри Гванҷо дар вилояти Гувандонги Чин парвози умумии худро сабт кард.

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", ин таксии паранда, ки "EHANG 184" ном дорад бо беш аз ҳазор бор озмоиш акнун марҳилаҳои ибтидоиро барои ворид шудан ба соҳаи нақлиёти мусофирбарии Чин пушти сар мегузорад.

Ширкати созанда ва тарроҳи ин маҳсул эълом кардааст: Ин таксии бидуни сарнишини паранда ҳамакнун фақат як мусофири бо вазни 100 килограмиро ба муддати 23 дақиқа ва бо суръати 100 километр дар соат ҳамл мекунад ва дар баробари вазиши шамол бо суръати 50 километр дар соат низ муқовим аст.

Ҳу Ҳуванҷӣ (Hu Huazhi) —мудири иҷроии ин таксии паранда гуфт: Ҳеҷ як аз василаҳои нақлиётие, ки то ҳол ба ин мақсад тарроҳӣ шуда ба ҳадафҳои комили худ даст наёфтааст; Аммо парвози муваффақи мо ба ин маънӣ аст, ки саҳнаҳое, ки дар филмҳои илмӣ ва тахаюлӣ ба намоиш даромада бо ҳиммати ширкати фанноварии чинӣ ба номи "EHANG" ба воқеъият пайвастааст.

Дрик Шиёнг(Derrick Xiong)- мудири ин ширкат низ дар ин бора гуфт: Тарҳи ҳавопаймои бидуни сарнишини мусофирбарӣ илова бар кумак ба коҳиши раҳбандони шаҳрӣ метавонад барои дигар барномаҳо аз ҷумла наҷоти изтирорӣ, интиқоли беморон, гардишгарӣ ва интиқол аз як ҷазира ба ҷазираи дигар мавриди истифода қарор бигирад.

Лентаи хабарҳо
0