19:00 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Машина скорой помощи, архивное фото

Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои АН-148 ба ҳалокат расидаанд

Sputnik / Павел Лисицын
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
227 0 0

Ҳавопаймои "Хутути ҳавоии Саратов" дар минтақаи Раменскии вилояти Маскав суқут кард, ҳамаи мусофирон ва ҳайъати экипаж ба ҳалокат расидаанд, дар байни ҷабрдидагон кӯдак низ буд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Боқимондаҳои ҳавопаймои мусофиркаши Ан-148 дар ноҳияи Раменски вилояти Маскав ёфт шуданд, дар натиҷаи суқути ҳавопаймо нафаре ҳам зинда намондааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти изтирории кишвар.

"Боқимондаҳои ҳавопаймо ёфт шуданд, касе зинда намондааст", — гуфт манбаъ.

Cабаби суқути ҳавопайморо масъулин номусоидии обу ҳаво ё ин ки хатои ҳайъати сарнишинон гуфтаанд.

"Номусоидии боду ҳаво, хатои экипаж, ё ин ки нуқзи фаннӣ метавонанд сабаби суқути ҳавопаймои Ан-148 дар вилояти Маскав бошанд", — гуфт намояндаи оҷонсӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҳаво биёр номусоид аст.

Гузориш дода мешавад, ки дар байни ҷабрдидагон кӯдаке низ будааст.

Вазири нақлиёти Русия Максим Соколов ба макони суқут рафтааст.

"Вазир аллакай ба ҷойи ҳодиса рафт, бо роҳбари ВҲИ Пучков, бо губернатори вилояти Маскав Воробёв ва бо сардори Росавиатсия Александр Нерадко музокироти фаврӣ дошт, онҳо низ ба макони ҳодиса рафтанд", — хабар дод мушовири вазир Жанна Терехова.

Наҷотдиҳандагон дар макони суқути ҳавопамои Ан-148 дар вилояти Маскав ду ҷузъе аз аҷсоди ҳалокатшудагонро пайдо кардаанд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти ВҲИ Русия.

"Гурӯҳҳои аввалини наҷотдиҳандагон ба макони суқути ҳавопаймо расидаанд. Тахриб ҳудуди қариб як километр аст", — зикр кард сухангӯи дафтари матбуотии ВҲИ Русия.

Кумитаи тафтишотии ФР аз рӯи далели  риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва баҳрабардории нақлиёти ҳавоӣ дар мавриди омили суқути ҳавопаймои Ан-148 дар вилояти Маскав, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

 

Мавзуъ

Навори суқути ҳавопаймои Русия бо 70 мусофир
Суқути ҳавопаймо дар вилояти Маскав бо 70 мусофир
Барчаспҳо:
Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ