03:32 26 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Мошини ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ

Ҳамлаи хунин дар Амрико: ҷавоне дар макатаб 17 танро кушт

Sputnik / Стрингер
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Як ҷавони 19-сола дар Флорида ба мактабе, ки дар он таҳсил карда буд, омада ба муаллимону толибилмон бо силоҳ ҳамла кард. Дар натиҷа 17 тан кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 15 фев- Sputnik. Бино бар иттилои расонаҳои Ғарб, дар Амрико як ҷавон дар маткаб 17 танро куштааст.

Гуфта мешавад, ҳодиса дар мактабе, дар иёлати Флоридаи Амрико рух дода, Скотт Израэл ном ҷавони 19-солае, ки пештар хонандаи ҳамин мактаб буд, дар даст силоҳ ба таълимгоҳ дохил шуда, тирпарронӣ кардааст.

Дар нитиҷа 17 тан кушта ва беш аз 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Сабабҳои даст ба чунин ҷинояти вазинин задани ҷавон маълум нест. Гуфта мешавад, ӯро пештар бо далеле аз ҳамин мактаб хориҷ карда буданд.

Дар Амрико шаҳрвандони ғаринизомӣ низ метавонанд силоҳ харидорӣ кунанд.

Раисҷумҳури Амрико ба қурбониёни ин ҳодиса изҳори ҳамдардӣ кард.

 

Барчаспҳо:
ҳамла, мактаб, толибилм, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ