01:59 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
23010

Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ эълом карда, ки ҳукумати Афғонистон ба толибон ва аъзои оилаҳои онҳо шиноснома медиҳаду, лағви таҳримҳо алайҳи роҳбарони ин ҳаракатро бозбинӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ба эътироф кардани ҳаракати радикалии "Толибон" ҳамчун як гурӯҳи сиёсӣ даъват кард, хабар медиҳад шабакаи Tolo News.

Чуноне ин шабака мегӯяд, Ашраф Ғанӣ эълом дошта, ки ҳукумати Афғонистон ба толибон ва узви хонаводаҳояшон шиноснома медиҳаду, лағви таҳримҳо алайҳи роҳбарони ин ҳаракатро бозбинӣ мекунад.

"Мо ҳамчунин масъалаи озод кардани толибони маҳбусро дида мебароем", — гуфтааст вай.

Раисиҷумҳур таъкид карда, ки ҳукумат амнияти он толибонеро, ки ба раванди сулҳ мепайванданд, таъмин менамояд. "Мо назароти "Толибон"-ро дар ҷараёни гуфтушунидҳои сулҳ ба инобат мегирем", —  шарҳ додааст Ғанӣ.

Вазъи Афғонистон дар моҳҳои охир ба таври назаррас бад шудааст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан масоҳати зиёдеро дар минтақаҳои рустоии кишвар идора мекард, акнун ба шаҳрҳои калон ҳамла карда истодааст.  

Ҳамчунин дар қаламрави кишвар таъсири "Давлати исломӣ" (гурӯҳи террористие, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ аст) афзудааст.

Барчаспҳо:
толибон, шиноснома, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ