17:17 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Ҷоизаи Оскар. Акс аз бойгонӣ

"Оскар" -2018: беҳтарин филм, ҳунарманд ва ҳунарпешаи сол муайян шуд

© AFP 2019 / Mark Ralston
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Филми коргардони мексикоӣ Гиллермо дел Toрo бо номи "Шакли об" дар миёни дигар филмҳо пешқадам буд ва дар 13 бахш муаррифӣ шуд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Филми коргардони мексикоӣ Гиллермо дел Toрo бо номи "Шакли об" барандаи ҷоизаи асосии ИМА-ро дар категорияи "Филми беҳтарини сол" соҳиб шуд.

Маросими 90-умин ҷоизасупорӣ дар Лос-Анджелес сурат хоҳад гирифт.

Номи барандаро "ҷуфти афсонавӣ" Бонни ва Клайд аз филми ҳамном  (1961) — ҳунарпешагон Данауэй Фэй ва Уоррен Батти муаррифӣ карданд.

Барои ҷоизаи асосии "Оскар" дар бахши "Филми беҳтарин" имсол нӯҳ синамо талош карданд: "Гум шав", "Леди Бред", "Ресмони дурахшон", "Замонҳои норавшан", "Шакли об", "Се билборд дар марзи Эббинг, "Миссури", "Маро бо номи худам гир", "Дюнкерк" ва "Парвандаи махфӣ".

Филми "Шакли об" дар миёни шумораи номзадҳо пешқадам буд ва дар 13 категория муаррифӣ шуд.

"Шакли об" — таърихи афсонавии ишқи зани гунг аз озмоишгоҳи махфӣ ва як марди амфибия аст. Дар филм порчаҳо аз мюзиклҳо ва карикатураҳои ҷосӯсони руси замони ҷанги сард вуҷуд доранд. Пештар ин филм бо ҷоизаҳои Гилдияи продюсерҳои Амрико сарфароз гардида буд. Ба ҳайати ҳунарпешагон Салли Ҳокинс, Майкл Шеннон, Ричард Ҷенкинс, Октавия Спенсер шомил гаштанд.

Беҳтарин нақши зан

Барандаи "Оскар" барои "Беҳтарин нақши зан" иҷрокунандаи нақши асосӣ дар фоҷиаи "Се билборд дар марзи Эббинг, Миссури" Фрэнсис Макдорманд шуд.

Дар ин бахш ҳамчунин ҳунарпешаҳо Салли Ҳокинс ("Шакли об"), Марго Робби ("Тоня зидди ҳама"), Сирша Ронан ("Хонум Берд") ва Мерил Стрип ("Парвандаи махфӣ") ироа шуданд.

Барои хонгум Макдорманд, ки нақши Милдред Ҳейс-ро бозидаасту дар он пас аз кушта шудани духтараш ба думболи адолат аст, дар карерааш бори панҷум аст, ки номзад ба "Оскар" мешаваду, бори дуввум аст, ки барандаи он. Аввалин бор ӯ дар соли 1997 барои синамои "Фарго" барандаи ҷоизаи "Оскар" шуда буд.

Беҳтарин нақши мард

Ҳунарпеша Гэри Олдман барандаи ҷоизаи "Оскар" дар категорияи "Беҳтарин нақши мард" шуд. Барои ҳунарпешаи 59-солаи бритонӣ, ки нақши Уинстон Черчиллро дар фоҷеаи таърихии "Замонҳои норавшан" офаридааст, ин пешниҳоди дуввум барои дарёфти "Оскар" аст.

Дар ин категория ба вай ҳунарпешаҳо Тимоти Шаламе ("Маро бо номи худам гир"), Дэниел Калуя ("Гум шав"), Дэниел Дэй-Лйуис ("Ресмони дурахшон ") ва Дэнзел Вашингтон ("Роман Израэл, Esq.") рақобат карданд. Ҳунарпеша Олдман қаблан ҷоизаҳои ИМА "Глобуси тиллоӣ" ва BAFTA-ро ба даст оварда буд.

Ҷоизаҳои дигар

"Оскар" барои беҳтарин нақши мард дар нақшҳои дуввумдараҷаро ҳунарпеша Сэм Рокуэлл барои нақши Ҷейсон Диксон дар филми "Се билборд дар марзи Эббинг, Миссури" ба даст овард.

Дар категорияи "Беҳтарин ҳунапешазани нақшҳои дуввумдараҷа" Эллисон Ҷенни, ки нақши Лавон Голденро дар филми "Тоня зидди ҳама" бозӣ кардааст, ғолиби ҷоизаи "Оскар" шуд.

Ҳайкалчаи тиллоии синорийуи аслии беҳтаринро Ҷордан Пил барои синорийуи филми "Гум шав" гирифт.

Ҷоизаи беҳтарин тасвири аниматсионӣ ба филми «Сирри Коко»-и Ли Анкрич ва Дарл К. Андерсон дода шуд.

Филми русиягии "Дӯст надоштан"-и коргардон Андрей Звягинсев, ки номзад барои ғалаба дар категорияи "Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ" буд, бе ҷоиза монд.

Барчаспҳо:
Ҷоизаи "Оскар"

Мавзӯъҳои асосӣ