13:38 23 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон бар ин бовар аст, ки Русия метавонад нақши мусбате дар миёнҷигарии сулҳи давлати Афғонистон бо гурӯҳи "Толибон" бозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 7 марти — Sputnik. Чанде пеш Вазорати умури хориҷии Русия эълом кард, ки Маскав омода аст то нақши миёнҷиро дар музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон, Амрико ва Толибон иҷро кунад.

Дар вокуниш ба ин изҳорот Шурои олии сулҳи Афғонистон низ таъкид кард, ки Русия бар минтақа таъсиргузор аст ва дар раванди сулҳ бояд аз он истифода шавад. Ин Шуро ёдоварӣ кард, ки музокирот миёни давлати Афғонистон, Амрико ва Толибон бе нақши созандаи Русия имконпазир нахоҳад буд.

Сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон Ҳамид Азизӣ ҳам дар робита ба нақши Русия дар раванди сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон мегӯяд, ки агар барои Толибон шароити обрӯмандона таъмин шавад, онҳо музокира хоҳанд кард.

"Русҳо бар Афғонистон асару таъсиру нуфуз доранд. Дар Афғонистон касоне низ ҳастанд, ки солҳо бо русҳо ҳамкорӣ кардаанд ва акнун дар сохтори сиёсии Афғонистон дасту ҷойгоҳе доранд", — ёдоварӣ кардааст Азизӣ.

Вай бо ёдоварӣ аз овозаҳое, ки гӯё русҳо мехоҳанд бо ДОИШ биҷанганд ва равобите бо "Толибон" барқарор кардаанд, афзуд, ки раҳбарии Толибон бо раҳбарии Русия солҳо пеш аз ин дар Тоҷикистон мулоқот кардаанд.

"Русҳо нақши худро дар Афғонистон пурранг кардаанд. Агар онҳо манофеъи минтақаиро дар назар бигиранд, ки он таъмини манофеъи Афғонистон, Русия ва дигар кишварҳои минтақа аст, метавонанд нақши мусбатеро бозӣ кунанд", — гуфт сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон.

Барчаспҳо:
Толибон, Ашраф Ғанӣ, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ