03:01 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Помир. Акс аз бойгонӣ

Бадахшон беҳтарин макони гардишгарӣ дар ҷаҳон шинохта шуд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
29850

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 100 макони беҳтарини гардишгарӣ ворид шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии сафорати Тоҷикистон дар Олмон, рӯзи 7 март дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии Берлин —2018, маросими супоридани ҷоизаи "100 масири беҳтарин дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба гардишгарӣ дар соли 2018" баргузор шудааст.

"Манотиқи Баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором ҷои аввалро сазовор шуд",-омадааст дар хабанома.

Ҷоизаи мазкур дар вазъияти тантанавӣ ба намояндаи Ассотсиатсияи экологию фарҳангии сайёҳии  ВМКБ  Ситора Саодатқадамова супорида шудааст.

"Эътироф гардидани минтақаҳои кишвари биҳиштосои мо аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамчун беҳтарин маконҳои саёҳатӣ дар ҷаҳон боиси ифтихору сарбаландии миллату давлатамон мебошад. Ҳамзамон чунин ҷоизаҳо ва эътирофҳо барои ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон  мусоидат хоҳад кард",- гуфтанд намояндагони сафорат.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар Намоишгоҳи  ҷаҳонии сайёҳии Берлин-2018 дар баробари гӯшаи расмии Тоҷикистон  ширкатҳои Тоҷикистон бо шариконашон аз кишварҳои аъзои барномаи "Шоҳроҳи Абрешим"  гӯшаҳои муштарак  созмон дода, хатсайрҳои саёҳати минтақавиро ташвиқу тарғиб менамоянд.

Барчаспҳо:
беҳтарин макони гардишгарӣ, Помир, Берлин

Мавзӯъҳои асосӣ