05:35 10 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Интихобот, акс аз бойгонӣ

Интихобот: Шаҳрвандони тоҷикистонии Русия дар куҷо метавонанд раъй бидиҳанд

© Sputnik / Алексей Витвицкий
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Дар рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, ки 18 март баргузор мешавад, шаҳрвандони тоҷикистонии ин кишвар метавонанд раъйашонро дар ду шуъба ба сандуқҳо бирезанд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон барои ширкати шаҳрвандони тоҷикистонии ин кишвар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ду шуъбаи раъйгирӣ ташкил кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ин ниҳод.

"Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват мекунад, ки дар раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия ширкат кунанд, ки 18 март, аз соати 8.00 то 20.00 ба вақти Душанбе дар сохтмони Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, 28 баргузор мешавад", — гуфта шудааст дар ин иттилоъия.

Шаҳрвандони Русия, ки дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ доранд, метавонанд раъйашонро дар сохтмони Сарконсулгарии Русия воқеъ дар кӯчаи Сирдарё, 21 ба сандуқҳо бирезанд.

Дар раъйгирӣ шаҳрвандоне метавонанд ширкат кунанд, ки 18-солаву бузургсолтар ва ҳаққи раъй дошта бошанд. Дар шуъбаҳои раъйгирӣ бояд гузарнома, яъне шиносномаи хориҷии шаҳрванди Русияро бо худ дошт, ки муддати эътибораш ба поён нарасида бошад.

Ёдоварӣ мекунем, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дар саросари ин кишвар ва хориҷ аз он 18 март баргузор мешавад. Дар ин интихобот ҳашт номзад ширкат мекунанд: Сергей Бабурин аз ҳизби "Итиҳоди мардумии Русия", Павел Грудинин аз Ҳизби комунисти Русия, Владимир Жириновский аз Ҳизби либерол-демократи Русия, Владимир Путин, раисҷумҳури кунунии Русия, Максим Сурайкин аз ҳизби "Комунистҳои Русия", Борис Титов аз Ҳизби "РОСТ" ва Григорий Явлинский аз ҳизби "Яблоко".

Барчаспҳо:
интихобот, Маркази илму фарҳанги Русия, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ