19:16 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Дастовардҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо бемисланд, гуфтааст кишвардори Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сӣ Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Муҳтарам Ҷаноби Раис. Хоҳишмандам, табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати дубора интихоб гардиданатон ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин қабул фармоед. Дастовардҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо бемисланд",- гуфтааст кишвардори Тоҷикистон.

Интихоби якдилонаи дубораи Шумо ба ин мансаби олии давлатӣ нишонаи возеҳи дастгирии қавии роҳи сиёсии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Чин мебошад, афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ мекунад, ки муносибатҳои неки Тоҷикистону Чин идома меёбанд.

"Бо истифода аз фурсати муносиб, изҳори итминон менамоям, ки мо бо саъю талошҳои муштарак минбаъд низ ба рушду тавсеаи бемайлони муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, ки ба анъанаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя доранд, мусоидат хоҳем кард",- таъкид мекунад раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Раис, саодатмандӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои нав, инчунин ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам, қайд мекунад дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мешавем,имрӯз  Вакилони Маҷлиси намояндагони мардумии Чин (МНМЧ) Сӣ Ҷинпинро бо як овоз ба мақоми роҳбари Чин барои як панҷсолаи дигар интихоб карданд.

Интихоботи роҳбари давлат субҳи имрӯз, 17 март дар иҷлосияи МНМЧ даъвати 13 бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ баргузор шуд.

 Сӣ Ҷинпин дар соли 2013 дар иҷлосияи МНМЧ даъвати 12 барои 5 сол роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардида буд. Мақоми роҳбари ҶМЧ соли 1954 мувофиқи сарқонуни кишвар ташкил карда шуд.То 11 марти соли равон, дар Чин мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ 5 солро ташкил медод ва як нафар метавонист танҳо ду маротиба номзадиашро ба раёсати кишар гузорад. Аммо ба наздикӣ вакилони кишвар ба сарқонун тағйирот ворид карда, ин маҳдудиятро бардоштанд.

Барчаспҳо:
барқияи табрикотӣ, Сӣ Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ